23 Ноябр, 2024

Ҳамкорӣ дар самти бақайдгирии аҳолӣ рушд меёбад

6 майи соли ҷорӣ вохӯрии Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ, полковники милитсия Халилзода Ҳусейн Собир бо намояндагони лоиҳаи Барномаи рушди СММ Барномаи рушди СММ (UNDP) Ҷоанна Брукс ва роҳбари лоиҳаи «Ислоҳоти низоми мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ» Алишер Каримов барпо гардид.

Мақсади лоиҳа: баланд бардоштани саводнокӣ ва масъулияти аҳолӣ дар ноҳияҳои мақсаднок дар бораи бақаййдгирии саривақтии хуҷҷатҳои шаҳрвандон ва беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасонии давлатии мақомоти САҲШ.

Лоиҳаи мазкур иктидори ва тавоноии кормандони сохторҳои марбута ва шахсони манфиатдор бо роҳи соддакунонӣ ва стандартизатсияи хизматрасониҳо рушд мекунад. Лоиҳа дар асоси риояи хуқуқҳои инсон ва шаҳрванд ва баробарии гендерӣ амалӣ карда мешавад.