23 Ноябр, 2024

Сиёсати кадрӣ

Дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараёни ротатсия ва тағйироти кадрӣ идома дорад. Дар натиҷа 117 нафар аз як вазифа ба вазифаи дигар гузаронида шуд. Барои ҳуқуқвайронкунӣ ва роҳ додан ба камбудӣ дар фаъолияти хизматӣ 21 нафар аз вазифа ва 3 аз мақомот озод карда шудаанд. Дар ихтиёри кадрҳо 21 нафар вогузор карда шуд.

Барои баланд бардоштани савияи дониши кормандон дар Хадамот мунтазам дарсҳои иловагӣ ва даврҳои омӯзишӣ ташкил карда мешавад.

Айни ҳол бо мақсади такмили фаъолият ва мутобиқ кардани он ба талаботҳои замон вазифаҳои хизматии кормандон таҷдиди назар шуда истодаанд.