23 Ноябр, 2024

Муҳимияти таъмини дастрасӣ ба ҳимояи байналмилалӣ

Санаи 27 сентябри соли 2019 дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ дарси хизматӣ дар мавзӯи “Вазифаҳои мақомоти корҳои дохилӣ нисбати ташкил ва ҷойгиркунии гурезагон. Омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ вобаста ба гурезагон” баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки дар Ҷумҳурӣ 2504 нафар  гурезаҳо ва паноҳҷӯяндагон  дар қайд меистанд, аз ин 2152 нафар гурезањо ва 352 нафар паноҳҷӯяндагонро ташкил медиҳанд.

Ҳар сол шахсони дорои мақоми гуреза дар маҳалли зист аз қайд гузаронида шуда, оид ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 2 январи соли 2018, №1471 «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 10 майи соли 2002, №50 «Дар бораи гурезаҳо», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1999, № 218 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қоидаҳои убури транзитии шаҳрвандони хориљӣ аз тариќи худуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» мунтазам корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ гузаронида мешавад.

Вазорати корҳои дохилӣ бо Намояндагии Комиссариати Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон ва бо дигар ташкилотҳои байналмилалию ғайридавлатӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои шахсони паноҳҷуянда ва гурезагон фаъолият доранд, дар ҳалли мушкилоти шахсони  паноҳҷуянда ва гурезагон, гузаронидани мизҳои мудаввар, семинарҳои омӯзишӣ, конфренсияҳо ва дигар масъалаҳои дахлдор ҳамкории зич дорад.