Рӯзи 3-юми май дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрии сардори хадамоти мазкур полковники милитсия Халилзода Ҳусейн Собир бо намояндаи Барномаи рушди СММ (UNDP) Ҷоанна Брукс ва роҳбари лоиҳаи «Ислоҳоти низоми мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ» Алишер Каримов баргузор гардид.
Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ полковники милитсия Ҳусейн Халилзода иброз дошт, ки дар доираи ҳамкориҳои мутақобила, бо дастур ва супориши роҳбарияти ВКД, масъулин ва ҳайати шахсии Хадамоти мазкур баҳри ҳарчи беҳтар ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд миёни дигар сохтору вазоратҳо, хизматрасонии кормандон ба аҳолӣ ва бартараф намудани мушкилоти шаҳрвандон вобаста ба самти фаъолият тамоми чораҳоро меандешанд. Ин аст, ки дар баробари пешрафти илму техника, онҳо бо истифода аз техникаву технологияи муосир бо низоми нави корбарӣ ба шаҳрвандон хубтар ва саривақтӣ хизматрасонӣ менамоянд.
Ҳамзамон, номбурда афзуд, ки баҳри пешрафти самти фаъолият омода ҳастем ҳамкориҳоро бо дигар вазорату идораҳо, бахусус Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо бахши кор бо шиносномадиҳии ХШБ дар робитаи зич қарор доранд, боз ҳам қавитар намоем.
Дар идомаи вохӯрӣ намояндаи Барномаи рушди СММ (UNDP) Ҷоанна Брукс аз дастгириҳои ВКД ва қабулу пазироии роҳбарияти ХШБ арзи сипос намуда, иброз дошт, ки итминон дорам бо кӯшишу саҳми роҳбарияти ВКД раванди лоиҳаи «Ислоҳоти низоми мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ» дуруст ба роҳ монда шуда, дар ин самт хизматрасонӣ ба шаҳрвандон шаклу сифати навро касб менамояд.
Дар ин вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба таъсиси базаи ягонаи бақайдгирии шаҳодатномаҳои таваллуди шаҳрвандон, таъсиси системаи ягона дар ин самт, бақайдгирӣ ва саривақт хизматрасонӣ намудан ба шаҳрвандон ва дигар самтҳои ҳамкориҳо табодули афкор намуданд.
Раҷаббек ИЛЁСОВ