28 Сентябрь, 2020

ҲАМВАТАНОНИ ГИРОМӢ!

Имрӯз, ки Шумо азми сафар ба кишвари хориҷӣ намудаед ва мехоҳед эҳтиёҷоти шахсии худро бо маром анҷом диҳед; зимни қарордошт берун аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мушкиливу муаммоҳои ҳуқуқӣ, моддӣ, иҷтимоӣ ва маърифатӣ рӯ ба рӯ нашавед; бар асари мушкилоти пешомада ва бо мақсади соҳиб шудан ба маблағҳои калони пулӣ ҳадафи ғаразҳои нопоки ашхоси қаллоб, алоҳида ва ё гурӯҳҳои ифротиву ҷиноятпеша нагардед, Шуморо лозим аст, ки қоидаҳои оддитарини омодагӣ ба сафар, ҳозирӣ ва будубош дар хориҷи кишварро донед ва онҳоро қатъиян риоя намоед:

  • Пеш аз сафар ба давлати хориҷие, ки онро барои кору фаъолият ва ё таҳсил интихоб намудаед, ҳатман забон, урфу одат, таърих, маданият ва қонунгузории ин давлатро омӯзед ва эътироф намоед. Зеро, ки донистани забон, урфу одат, таърих, маданият ва қонунгузории кишваре, ки ба он ташриф меоред – гарави рафъи мушкилоти Шумо дар ҳалли муаммоҳои корӣ, иҷтимоӣ ва зисти муваққатӣ хоҳанд шуд;
  • Зимни муошират бо мардуми кишвари ташрифоварда хушмуомила бошед; сарулибоси тозаву озодаро ба бар намуда, қоидаҳои одобу рафторро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва меҳмонӣ риоя; бо кирдору рафтору ҳамидаи хеш фарҳангу маданияти тоҷиконаро муаррифӣ намоед.
  • Ҳуҷҷатҳои худро барои истиқомат ва фаъолият дар ин давлат ба пуррагӣ омода намоед (бақайдгирӣ дар ҷои зист, гирифтани варақаи муҳоҷират, иҷозат ба кор, патент, иҷозат барои зисти муваққатӣ, гувоҳномаи иқомат барои зисти доимӣ ва ғайра);
  • Ба давлатҳои хориҷӣ танҳо тавассути дидбонгоҳҳои расмии сарҳадӣ ворид шавед ва варақаи муҳоҷиратро гиред;
  • Шиноснома ва дагар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти худро шахсан дар идораҳои дахлдори он кишвар ба қайд гирифта, доимо бо худ нигоҳ доред, ба шахсони ношиносу тасодуфӣ надиҳед ва ба гарав нагузоред;
  • Дар ҳолати ҳатмӣ будани суғуртаи тиббӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ, ҳатман онро соҳиб шавед;
  • Дар ҳолати тибқи раводид (виза) ворид шудан ба марзи давлати хориҷӣ то ба итмом расидани мӯҳлати амали он аз ҳудуди ин давлат бароед ва ё мӯҳлати амали раводидро тамдид намоед;
  • Ҷойи зисти худро бе огоҳ намудани мақомоти салоҳиятдор иваз накунед;
  • Рақами телефонҳои Сафоратҳо ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷиконро дастрас ва ҳангоми пеш омадани мушкилиҳо бо онҳо дар тамос шавед;
  • Дар ҳолати гум кардани шиноснома ва ё дигар ҳуҷҷатҳои будубош ҷиҳати барқарор намудани онҳо таъҷилан ба мақомоти салоҳиятдор, Сафорат ё консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар диҳед;
  • Зимни санҷиш ва пурсиши кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ (политсия, хадамоти муҳоҷират ва ғайра) аз санҷишгарон пешниҳод намудани шаҳодатномаи хизматиро талаб, ному насаб ва вазифаи онҳоро пурсон шавед. Онҳо вазифадоранд, худро муаррифӣ ва ҳуҷҷатҳояшонро барои шиносоӣ пешниҳод намоянд;
  • Аз шиносоиву рафтуомад бо ҷинояткорони аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷустуҷӯшаванда, даъвату таклифҳои ашхоси шубҳаноку ношинос худдорӣ намоед ва ҳуҷҷатҳоятонро ба онҳо насупоред;
  • Ба фаъолияти меҳнатӣ дар корхонаву ташкилот ва иншоотҳои хусусӣ танҳо пас аз бастани шартномаи меҳнатӣ ва бақайдгирии расмӣ дар маҳал шурӯъ намоед;
  • Ҳамаи ӯҳдадориҳои молиявӣ (пардохти қарзи бонкӣ, андоз ё ҷаримаи маъмурӣ, маблағи ҳармоҳаи истифода аз хизматрасониҳои идораҳои коммуналӣ ва ширкатҳои мобилӣ)-ро саривақт иҷро намоед. Зеро напардохтани маблағҳои мазкур метавонанд боиси хориҷшавӣ (депортатсия)-и Шумо аз кишвари хориҷӣ гардад;
  • Зимни истифодабарӣ аз барномаҳои шабакаҳои иҷтимоии Интернетӣ (Вотсапп, Вайбер, Имо, Скайп, Зелло, Майл.ру, В контакте, Фейсбук, Одноклассники, Вичат ва ғайра) бо шахсони бегона алоқа барқарор нанамоед. Зеро аъзоёни ҳизбу ҳаракат ва равияҳои динӣ – экстремистӣ тавассути барномаҳои мазкур мафкураву ҷаҳонбинии Шуморо вайрон ва ба сафи худ шомил менамоянд;
  • Ҳангоми интихоби ҷои кор ва шарикони меҳнатӣ ҳушёр бошед. Зеро дар кишвари бегона ва шароити номусоиди зисту фаъолияти меҳнатӣ бо баҳонаи таъмин намудан бо ҷои кор ва пешпардохти маблағҳо аъзоёни ҳизбу ҳаракат ва равияҳои динӣ – экстремистӣ метавонанд Шуморо ба ин ё он ҳизбу ҳаракати ифротӣ шомил намоянд;
  • Зимни ҳозирӣ дар масчиду ҷойҳои ҷамъшавии ашхоси шубҳанок, тарғибгарони ақидаву равияҳои динии ифротӣ ҳушёриву зиракии миллиро аз даст надиҳед; аз таклифу даъвати чунин ашхос оиди шомилшавӣ ба гурӯҳ ва ташкилотҳои динӣ бо роҳи қасамёдкунӣ (байъат), супоридани аъзоҳақӣ ва иштирок дар муқовиматҳои муссаллаҳонаи давлатҳои дигар худдорӣ намоед;

Дар ҳолати пайдо шудани зарурият, метавонед ба телефони боварии Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (+99237)227-55-54 муроҷиат намоед.

Ҳамватанони азиз! Дар хотир дошта бошед, ки Шуморо дар Ватан волидайн, ҳамсар, фарзандон ва аҳли пайвандон бо як ҷаҳон орзуву умедҳои нек интизоранд!