Номи пурраи идора — “Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Номи кӯтоҳи идора – “ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикитон”
Суроғаи ҳуқуқӣ ва воқеии ХШБ – 734025, ш. Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода, бинои 5.
Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди мустақили сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Хадамот барои амалӣ намудани принципҳои ҳуқуқтатбиқкунӣ, ӯҳдадориҳо оид ба назорат, нигоҳдорӣ ва хизматрасонии давлатӣ дар соҳаҳои фаъолияти шиносномавию бақайдгирӣ, баҳисобгирии қайдии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истеҳолоти масъалаҳои вобаста ба гурезаҳо, додани гувоҳномаи иқомат барои зист ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, бурдани корҳои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ, инчунин амалӣ намудани вазифаҳо ва ӯҳдадориҳои алоҳидае, ки қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар менамоянд таъсис дода шудааст.
Ҷорӣ гардидани системаи шиноснома таърихи зиёда аз 80 сола дорад, аз ҷумла: таъсиси Хадамоти шиносномавию раводидӣ ба баҳисобгирии аҳолии собиқ давлати шуравӣ (СССР) алоқаи зич дорад. Мувофиқи декрети Кумитаи Марказии Иҷроияи Умумиросиягӣ (ВЦИК – Всероссийский Центральный Исполнительный Комитет) аз 25 июни соли 1919 ҳамаи шаҳрвандони РФСР, ки ба синни 16 солагӣ расидаанд, ӯҳдадор буданд, ки китобчаи меҳнатӣ бо шиори махсус «меҳнаткаш нест, намехурад» «Не трудящийся да не ест» дошта бошанд. Дар ин китобчаи меҳнатӣ ҷойи кор, инчунин ҷойи бақайдгирӣ дарҷ шуда буд.
4 майи соли 1923 аз ҷониби Комиссариати халқии корҳои дохилии РСФСР низомнома «Дар бораи бюрои суроѓавӣ ва шӯъбаи суроѓавӣ дар РСФСР» «Об адресных бюро и адресных столах в РСФСР» тасдиқ карда шуд, ки дар назди раёсатҳои шаҳрии милитсия барои бақайдгирии аҳолӣ ва додани маълумоти суроѓавӣ таъсис дода шуда буданд.
Бо қарори Шӯрои комиссарони халқи РСФСР аз 28 апрели соли 1925 «Дар бораи бақайдгирии шаҳрвандони шаҳрнишин» ӯҳдадорӣ пешбинӣ шуда буд, ки дар давоми 48 соат аз лаҳзаи ворид шудани шаҳрванд, дар шӯъбачаи милитсияи дахлдор оид ба он дар дафтари ҳавлӣ қайд карда шавад.
Бинобар индустрилизатсияи мамлакат, ки ба муҳоҷирати оммавии аҳолии қувваи корӣ оварда расонд, 27 декабри соли 1932 аз ҷониби Раиси Комитети иҷроияи марказии СССР Калинин Михаил Иванович, Раиси Совети комиссарони халқи СССР Молотов Вячеслав Михайлович ва котиби Комитети иҷроияи марказии СССР Енукидзе Авель Сафронович Қарор таҳти №57/1917 «Дар бораи муқаррар намудани системаи ягонаи шиносномавӣ ва бақайдгирии ҳатмии шиносномаҳо дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ».
Ҳамаи шаҳрвандони аз синни 16 болои СССР, ки ба таври доими дар шаҳрҳо, шаҳрчаҳои коргарӣ истиқомат намуда, дар нақлиёт ва совхозҳо кор мекунанд, ӯҳдадор буданд шиноснома дошта бошанд. Аҳолии деҳаҳои мамлакат бо шиноснома таъмин карда намешуданд (бағайр аз аҳолие, ки дар даҳкилометраи минтақаи сарҳадӣ истиқомат мекарданд).
Ҳамзамон, бо қарори мазкур 27 декабри соли 1932 қарор «Дар бораи таъсиси Сарраёсати милитсияи коргару – деҳқони назди Раёсати давлатии иттиҳоди сиёсии СССР» ба табъ расонида шуда буд. (Объединённое государственное политическое управление при СНК СССР) Ин мақомот барои роҳбарии умумии кори раёсатҳои милитсияи коргару – деҳқони ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, инчунин барои дар тамоми Иттифоқи Советӣ ҷорӣ намудани системаи ягонаи шиносномавӣ, ба қайд гузоштани шиносномаҳо ва барои бевосита роҳбарии масъалаи паспортноккунии мамлакат, таъсис дода шуда буд.
Ҳамин рӯз, яъне 27 декабр рӯзи таъсисёбии хадамоти шиносномавӣ (шиносномавӣ-раводидӣ) ҳисобида мешавад.
Варақаи ҳуҷҷат бо Қарори Совети вазирони СССР аз 28 августи соли 1974 таҳти №677 «Дар бораи тасдиқи низомнома оид ба системаи шиноснома дар СССР» тасдиқ карда шуда буд. Ин қарор бори аввал дар таърихи империяи Россия ва СССР ҳамаи шаҳрвандони советиро, ки ба синни 16 расидаанд, вазифадор намуд, ки шиноснома дошта бошанд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2011 таҳти №151-6 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №598-20» дар таркиби сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди нав «Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ» таъсис дода шуда, тибқи Фармоиши Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июли соли 2011, №10б/з Низомномаи он тасдиқ карда шудааст.
Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди мустақили сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои амалӣ намудани вазифаҳои ҳуқуқтатбиқкунӣ, ӯҳдадориҳо оид ба назорат, нигоҳдорӣ ва хизматрасонии давлатӣ дар соҳаҳои фаъолияти шиносномавию-бақайдгирӣ, баҳисобгирии қайди аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истеҳсолоти масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои вобаста ба гурезаҳо, додани гувоҳномаи иқомат барои зист ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, назорати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, инчунин барои амалӣ намудани вазифаҳо ва ӯҳдадориҳои алоҳидае, ки қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар менамояд, таъсис дода шудааст.
Солҳои қабли бахши шиносномавию бақайдгирӣ дар таркиби Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият бурда, танҳо ба масъалаҳои шиносномавию бақайдгирии аҳолӣ, истеҳсолоти масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул буд. Дар давраи солҳои истиқлолият ин самти фаъолияти Вазорати корҳои дохилӣ васеъ ва мустаҳкам карда шуда, охирҳои соли 2006 бо якҷоя гардидани масъалаҳои муҳоҷират Хадамоти муҳоҷирати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Баъд аз таъсис ёфтани Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори дар боло номбурда, Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ таъсис дода шуд, ки айни замон аз 10 шӯъба ва 3 шӯъбача иборат мебошад, аз он ҷумла: Шӯъба оид ба корҳои шиносномавӣ, Шӯъбаи корҳои раводидӣ ва бақайдгирӣ, Шӯъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳо, Шӯъбаи шиносномавию бақайдгирии аҳолӣ дар ш. Душанбе, Шӯъбаи назорати шаҳрвандони хориҷӣ, Бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ, Шӯъбаи молиявӣ-иқтисодӣ ва таъминотӣ, Шӯъбаи таҳлилӣ-назоратӣ ва ҳуқуқӣ, Котибот. Бахшу воҳидҳои шиносномавию бақайдгирӣ дар таркиби сохтории раёсатҳои корҳои дохилӣ ва шӯъбаҳои корҳои дохилии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таъсис дода шуда, ба воҳидҳои минтақавии мақомоти корҳои дохилӣ тобеъ мебошанд.
Вазифаҳои асосии Хадамот:
Бақайдгирии шиносномаҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар маҳалли иқомат;
Додани гувоҳномаи иқомат ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Додани шаҳодатнома ба шахсони бешаҳрванде, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ доранд, барои рафтуомад ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муайян кардан ва барасмиятдарории шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсоне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд;
Қабули ариза оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шахсоне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд;
Иҷрои қарору ҳалномаҳо вобаста ба аризаҳо дори ба иваз намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Баҳисобгирии шахсоне, ки нисбати онҳо қарор дар бораи иваз намудани шаҳрвандӣ қабул карда шудааст;
Бекор кардани қарори қабулшуда оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузори амалкунанда;
Додан ва иваз намудани шиносномаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Баҳисобгирии шиносномаҳои ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон додашуда;
Бақайдгирӣ ва аз қайдбарории шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалли зист ва баҳисобгирӣ қайдӣ ва аз ҳисоб барории қайдии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалли иқомат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ ва умумишаҳрвандии хориҷие, ки дорои барандаи маълумоти электронӣ мебошанд, барои баромадан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва даромадан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Баҳисобгирии шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии додашуда ва шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷие, ки дорои барандаи маълумоти электронӣ мебошанд;
Барасмиятдарорӣ ва ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд додани даъватнома барои омадан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин баҳисобгирии шахсони ҳуқуқие, ки даъватномаҳоро ба расмият медароранд;
Барасмиятдарорӣ ва ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд додани иҷозатнома (ё рухсатнома) барои ворид гардидан ва иқомат намудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар минтақаҳои сарҳадӣ;
Амалӣ намудани чораҳо оид ба огоҳонидан ва пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ;
Гузаронидани бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ (изи панҷаи даст);
Ба шахсони гуреза ва паноҳҷўянда додани мақоми гуреза, шахсонеро, ки бораи онҳоро ҳамчун гуреза эътироф намудан дархост манзур намудаанд, мақоми гурезаро гирифтаанд, баҳисобу қайд гирифтаанд, муваққатан ҷобаҷо менамояд, инчунин ба гурезаҳо барои муваққатан бо шароити зисту фаъолият фаро гирифтанд, дар ҳудуди ваколатҳои додашуда мусоидат менамояд;
Гузаронидани ҳаммонандии (идентификация) шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки барои эътироф намудани онҳо ҳамчун гуреза дархост манзур намудаанд ва дар ҳудуди татбиқ намудани ваколатҳо қарор доранд;
Истеҳсолоти корҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар доираи салоҳиятҳои муқарраргардида;
Бурдани корҳои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ дар ҳудуди амалӣ намудани ваколатҳо;
Муайян намудани ҷои бақайдгирии ҷинояткорони пинҳоншуда ва дигар шахсоне, ки дар ҷустўҷўи байнидавлатӣ ва маҳаллӣ қарор доранд;
Дар ҳамкорӣ бо аҳолӣ ҷамъ намудани аҳборотҳои оперативӣ дар бораи омодагарӣ ба содир намудани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда;
Гузаронидани чорабиниҳо оид ба муайян намудани шахсоне, ки алимент намесупоранд, аз давлат қарздоранд ва шахсоне, ки алоқаашонро бо хешовандон гум кардаанд;
Бурдани ҳисоботҳо нисбати шахсоне, ки пештар суд шудаанд;
Гузаронидани чорабиниҳои профилактикӣ, фаҳмондадиҳии иттилоотӣ баҳри пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби шаҳрвандони Ҷуҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ;
Мутобиқи тартиби муқарраргардида дар судҳо муаррифӣ намудани манфиатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳиятҳои худ, инчунин ҳифзи манфиатҳои ХШБ дар судҳо;
Тибқи тартиби муқараргардида ва дар мўҳлати муайяншуда тайёр ва пешниҳод намудани ҳисоботи омории идоравӣ ва давлатӣ;
Тибқи тартиби муқараргардида оид ба такмил додани шаклҳои ҳисоботи оморӣ манзур намудани таклифу пешниҳодҳо.