12 Октябрь, 2024

ҚҲҶТ №406 оид ба қоидахои додани шиносномаи шаҳрванди ҶТ

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷиикистон

аз 13 июни соли 2014, № 406

тасдиқ шудааст

Қоидаҳои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.05.2017 № 227)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд — шиноснома) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванд ва собиткунандаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва берун аз он мутобиқи созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.05.2017 № 227).

2. Шиноснома моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соҳиби он таҳти ҳимоя ва пуштибонии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

3. Мақомоти давлатии ваколатдори барасмиятдарорӣ ва додани шиноснома Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои ҳудудии он маҳсуб меёбанд.

4. Ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 16-солагӣ расидаанд, ўҳдадоранд шиноснома дошта бошанд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд, ки шиносномаро эҳтиёткорона нигоҳ доранд.

5. Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996 (минбаъд — шиносномаи намунаи соли 1996) то ба охир расидани мўҳлати эътибори он амал мекунад.

6. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ўҳдадоранд, ки худро дар ҷойи истиқомат ё аз рўи маҳалли будубош ба қайд гиранд.

7. Назорати риояи Қоидаҳои мазкур аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони мансабдор ба зиммаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои ҳудудии он вогузор карда мешавад.

2. Асосҳои додани шиноснома

8. Шиноснома аз ҷониби воҳидҳои ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон дар асоси қайди ҷойи истиқомат ё маҳалли будубоши муваққатӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин дода мешавад:

— шаҳодатнома дар бораи таваллуд барои шаҳрвандони ба синни 16 солагӣ расида, шиносномаи падару модар ва нусхаи онҳо (ҳангоми бори аввал гирифтани шиноснома). Ҳангоми гирифтани шиноснома аз ҷониби шахсони аз 18-сола боло, ба ғайр аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зикргардида ҳамчунин санҷиш гузаронида шуда, дар бораи муайян гаштани шахсият хулоса бароварда мешавад;

— шиносномаи намунаи соли 1996, шиноснома (минбаъд-шиносномаҳо), ки бояд иваз карда шаванд;

— шиносномаи шаҳрванди ИҶШС намунаи соли 1974;

— шаҳодатномаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (шаҳодатномаҳо дар бораи иваз намудани насаб, ном, номи падар, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, қайди вафоти ҳамсар);

— ариза дар бораи гум намудани шиноснома ё дуздида шудани он;

— ҳуҷҷати тасдиқкунандаи соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барқарор шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми зарурат маълумотномаи тасдиқкунандаи мансубият ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар баробари ин ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахсе (шиноснома, гувоҳномаи иқомат ва ҳуҷҷатҳои дигар), ки ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст ё ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор карда шудааст, пешниҳод карда мешавад;

— шаҳодатномаи нафақавӣ ва иқтибос аз Фармон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбӣ, аз сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озодшуда, ки ҳангоми зарурат аз рўии маълумоти мақомоти корҳои дохилӣ вобаста ба шиноснома доштан ё надоштани онҳо санҷида мешаванд;

— маълумотномаи муассисаи тиббӣ дар сурати ислоҳи мансубияти ҷинсӣ ё ислоҳи рўй (чеҳра);

— маълумотномаи муассисаи тиббӣ дар бораи гурўҳи хун ва резусмансубият (бо хоҳиши аризадиҳанда), дар сурати набудани мўҳр оид ба ин маълумот дар шиносномаҳои намунаи соли 1996;

— ҳуҷҷатҳое, ки барои дар қайди ҷойи истиқомат гузоштан ё аз рўи маҳалли будубоши муваққатан ба қайд гирифтан зарур мебошанд;

— хатти расид дар бораи пардохти маблағи муқарраргардида барои додани шиноснома.

Ҳангоми зарурат нусхаҳои шаҳодатномаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки тибқи Дастурамали муштараки Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, талаб карда мешаванд.

3. Тартиби барасмиятдарорӣ, додан ва иваз намудани шиноснома

9. Шиноснома бо ҳарфҳои кириллӣ (бо забони тоҷикӣ) ва лотинӣ (бо забони англисӣ) пур карда мешавад. Истифода бурдани ҳарфҳои дар забони тоҷикӣ пешбининашуда манъ аст.

Дар тарафи рўйи шиноснома маълумотҳои зерин ҷой дода мешаванд:

— насаб, ном ва номи падар бо ҳарфҳои кириллӣ ва лотинӣ;

— ҷинс бо сарҳарфҳои кириллӣ ва лотинӣ;

— шаҳрвандӣ бо сарҳарфҳои кириллӣ ва лотинӣ;

— санаи таваллуд;

— ҷойи таваллуд бо сарҳарфҳои кириллӣ ва лотинӣ;

— оғози эътибор (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.05.2017 № 227);

— анҷоми эътибор (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.05.2017 № 227);

— рақами ягонаи миллӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.05.2017 № 227);

— рақами шиноснома;

— имзои соҳиби шиноснома. Агар аризадиҳанда бинобар сабаби нуқсони ҷисмонӣ, беморӣ ё бо сабабҳои дигар бо дасти худ дар ариза дар бораи додани шиноснома имзо гузошта натавонад, он гоҳ бо супориши шифоҳии ў аз ҷониби корманде, ки шаҳрвандро қабул намудааст, дар ариза қайди дахлдор гузошта мешавад ва дар ҷойи махсус, ки барои гузоштани имзои аризадиҳанда ҷудо карда шудааст, бо забонҳои давлатӣ ва англисӣ «имзо гузошта наметавонад» навишта мешавад.

Дар қафои шиноснома қайдҳои зерин ворид карда мешаванд:

— суроға (ҷойи истиқомат, будубош) бо забони тоҷикӣ;

— гурўҳи хун ва резуси мансубият, бо хоҳиши аризадиҳанда;

— рақами мушаххаси андозсупоранда;

— вазъи оилавӣ дар лаҳзаи гирифтани шиноснома, бо забонҳои давлатӣ ва англисӣ;

— мақоме, ки шиносномаро додааст бо ҳарфҳои кириллӣ ва лотинӣ.

Дар поён қисми мошинахонӣ ҷойгир карда шудааст.

10. Мўҳлати эътибори шиноснома 10 сол мебошад.

11. Шиноснома тибқи маълумоте, ки бо забони давлатӣ дар шаҳодатномаҳо дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шиносномаи намунаи соли 1996, шиносномаи шаҳрванди ИҶШС намунаи соли 1974 дарҷ гардидаанд, ба расмият дароварда мешавад.

12. Ҳангоми додани шиноснома ариза дар бораи додани шиноснома, ки дар намуди файли электронӣ таҳия мегардад, пур карда мешавад. Шакли ариза дар бораи додани шиноснома ва маълумоти ба он замимагардида мутобиқи Дастурамали муштараки Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

Аризадиҳанда тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ барои додани маълумоти бардурўғ ҷавобгар мебошад ва дар ин бора дар ҷойи махсус ҷудогардидаи ариза дар бораи додани шиноснома имзо мегузорад. Барои дуруст будани маълумоти дар ариза дар бораи додани шиноснома дарҷгардида, кормандони воҳидҳои ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро пур карда, дар ҷойи махсус ҷудогардида дурустии онро бо имзо тасдиқ намудаанд, ҷавобгар мебошанд. Барои асоснок будани барасмиятдарории шиноснома сардорони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии воҳидҳои ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахсони онҳоро ивазкунанда, ки дар ҷойи махсус ҷудогардидаи ариза дар бораи додани шиноснома имзо мегузоранд, ҷавобгар мебошанд.

13. Корманде, ки аризаро дар бораи додани шиноснома пур кардааст, аризадиҳандаро дар шакли рақамӣ сурат мегирад. Сурати шаҳрванд бояд ба талаботи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ ҷавобгў бошад.

14. Дар сурати пешниҳод нагардидани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки тибқи Қоидаҳои мазкур пешбинӣ гардидаанд, қабули ҳуҷҷатҳо рад карда мешавад.

15. Пас аз қабули ҳуҷҷатҳои дахлдор ва гузаронидани санҷишҳои муқарраргардида, файли электронӣ бо маълумоти шахсӣ ва маълумот дар бораи аризадиҳанда дар намуди электронӣ тавассути шабакаҳои ҳифзшудаи алоқа аз ҷониби воҳиди ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раёсати персонализатсияи Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешавад.

16. Раёсати персонализатсияи Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз персонализатсияи маълумоти аризадиҳанда ва тайёр намудани шиноснома онро ҷиҳати ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас намудан ба воҳиди ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷамъоварии маълумотро анҷом додааст, ирсол менамояд.

17. Ҳангоми супоридани шиноснома сардорони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии воҳидҳои ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахсони онҳоро ивазкунанда, дурустии тамоми маълумоти дар шиноснома дарҷгардидаро санҷида, айнияти шахси дар сурати рақамӣ инъикосёфтаро бо аризадиҳанда муайян менамоянд. Шиноснома шахсан ба шаҳрванд бо гирифтани имзои ў супорида мешавад, ки оид ба он дар аризаи гирифтани шиноснома барои анҷоми тамоми силсилаи додани шиноснома тавассути электронӣ дарҷ карда мешавад.

18. Дар сурати дар шиноснома ошкор гардидани нуқсони техникӣ ва ё хато сабт гардидани маълумот, ки бо айби мақомоти ваколатдор ба вуҷуд омадааст, ба шаҳрванд бе талаб кардани ҳуҷҷатҳои иловагӣ ва гирифтани пардохт шиносномаи нав дода мешавад.

19. Шиноснома ба шаҳрвандон дар мўҳлати на дертар аз 15 рўзи корӣ пас аз ирсол шудани файли электронӣ аз воҳидҳои ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раёсати персонализатсияи Сарраёсати консулии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Дар ҳолати гум кардан ё муайян намудани шахсият шиноснома тибқи тартиби муқарраргардида на дертар аз 30 рўз аз рўзи додани тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ дода мешавад.

20. Шиносномаҳое, ки ба соҳибонашон дар муддати 2 сол дода нашудаанд, тибқи тартиби муқарраргардида нигоҳдорӣ ва нобуд карда мешаванд.

21. Тартиби барасмиятдарории шиноснома бо Дастурамали муштараки Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

22. Додан ва иваз намудани шиноснома дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда мешавад:

— расидан ба синни 16-солагӣ;

— гузаштани мўҳлати амали шиносномаҳо;

— гум кардан, дуздида шудан ё барои истифодаи минбаъда корношоям гардидан;

— тағйир додан, ислоҳ кардан, илова намудан, барқарор кардани маълумоти шахсӣ (ивази насаб, ном, номи падар, сана ва ҷойи таваллуд ва дигар маълумот) тибқи тартиби муқарраргардида;

— ошкор гардидани иштибоҳу ғалат ва сохтакориҳо дар сабтҳои ҳуҷҷатҳо;

— ислоҳи мансубияти ҷинсӣ ва ё ислоҳи рўй (чеҳра);

— соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё барқарор намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— иваз шудани ҷойи истиқомат, агар часпонидани варақаи худчасп бо қайди нави ҷойи истиқомат ва бақайдгирӣ ғайриимкон бошад;

— муроҷиати аризадиҳанда дар бораи иваз намудани шиносномаи намунаи соли 1996 новобаста ба мўҳлати амали он.

23. Дар ҳолати гум шудани шиноснома дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби он бояд бетаъхир ба воҳидҳои ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўйи ҷойи истиқомат ё маҳалли будубош барои гирифтани шиносномаи нав бар ивази шиносномаи гумшуда муроҷиат намояд.

24. Дар ҳолати гум шудани шиноснома дар хориҷа соҳиби он бояд фавран ба мақомоти корҳои дохилии кишвари будубош, инчунин ба намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои худ хабар диҳад. Дар сурати набудани муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати будубош шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст дар бораи ҳодисаи баамаломада фавран ба мақомоти корҳои дохилии кишвари будубош ва сипас ба намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари наздиктарин ё Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар диҳад. Дар чунин ҳолатҳо ба шаҳрванд барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда мешавад.

25. Шахсоне, ки аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ озод карда шудаанд ва шиноснома надоранд, аз воҳидҳои ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўйи ҷойи истиқомат ё маҳалли будубош дар асоси маълумотнома оид ба озод шудан, пас аз гузаронидани санҷишҳои зарурӣ шиноснома мегиранд.

26. Шахсони бе ҷойи муайяни истиқомат, ки шиноснома надоранд ва дар қабулгоҳ-таҳвилгоҳҳо мебошанд, аз воҳидҳои ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўйи маҳалли ҷойгиршавии қабулгоҳ-таҳвилгоҳ бо бақайдгирӣ ба мўҳлати қарор доштан дар муассисаи мазкур шиноснома мегиранд.

27. Ҳамаи шиносномаҳои ёфташуда, инчунин шиносномаҳои шахсони бедарак ғайбзада донисташуда ба мақомоти корҳои дохилӣ супорида мешаванд. Мақомоти корҳои дохилӣ минбаъд шиносномаҳои мазкурро ба воҳидҳои ҳудудии худ аз рўйи ҷойи истиқомат ё маҳалли будубоши соҳибони шиносномаҳо ирсол менамояд. Шиносномаҳои ёфтшуда ба соҳибонашон супорида мешаванд, агар ба ин шаҳрвандон аллакай шиносномаҳои нав ба расмият дароварда шуда бошанд, он гоҳ шиносномаҳои воридгардида бо тартиби муқарраргардида нобуд карда мешаванд. Шиносномаҳои шахсони бедарак ғайбзада донисташуда бо тартиби муқарраргардида нигоҳдорӣ ва нобуд карда мешаванд.

Шиносномаҳои ёфтшуда дар хориҷа ба намояндагиҳои дипломатӣ ё муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ирсоли минбаъдаи онҳо ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносномаҳои ёфтшударо ба воҳидҳои ҳудудӣ ирсол менамояд, ки онҳо қарор дар бораи баргардонидани шиноснома ба соҳибашон ё дар бораи нобуд намудани онҳо вобаста ба гирифтан ё нагирифтани шиноснома аз тарафи шаҳрванд қабул мекунанд.

28. Ба гарав қабул намудан ва супоридани шиноснома, инчунин гирифтани он, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.

29. Шаҳрвандон барои беэҳтиётӣ дар нигоҳдории шиноснома, ки боиси гум ё барои истифодаи минбаъда корношоям шудан, қасдан нобуд кардани шиноснома, аз тарафи шахсони дигар дуздида шудан, ғайриқонунӣ гирифтан ва ба гарав қабул намудани он гардидааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.

4. Баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ, мусодира ва нобудсозии шиносномаҳо

30. Баҳисобгирии шиносномаҳо ба таври мутамарказ, бо тартиби автоматикунонидашуда дар ҳомили электронӣ амалӣ карда мешавад.

31. Баҳисобгирии шиносномаҳо аз ҷониби воҳидҳои ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби автоматикунонидашуда дар ҳомили электронӣ дар ҳар як воҳид анҷом дода мешавад.

32. Варақаи шиносномаҳо ва шиносномаҳои тайёршуда дар ҳуҷраҳои махсус муҷаҳқазгардонидашудае, ки барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъӣ пешбинӣ гардидаанд, бо тартибе, ки бехатарии онҳоро таъмин менамояд, нигоҳ дошта мешаванд.

33. Шиносномаҳои шаҳрвандон танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ мусодира (гирифта) мешаванд.

34. Шиносномаҳои шаҳрвандон аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар асоси қарорҳои асоснок ва дар ҳолатҳои зерин мусодира (гирифта) мешаванд:

— беэътибор будани шиносномаҳо, агар муайянкунии шахсият ғайриимкон бошад; ба онҳо ғайриқонунӣ тағйирот ворид карда шуда бошад ё ба онҳо ворид кардани тағйирот барои муайянкунии шахсият зарур бошад; дар онҳо сабту қайдҳои бо Қоидаҳои мазкур пешбинигардида мавҷуд набошанд ё ин сабту қайдҳо ба воқеият мувофиқат накунанд; мўҳлати амали онҳо гузашта бошад;

— мувофиқат накардани шиносномаҳо ба мақоми ҳуқуқии соҳибони онҳо;

— қалбакӣ будани шиносномаҳо;

— муқаррар гардидани ҳолати додани шиносномаҳо дар асоси ҳуҷҷатҳои сохта ё ғайриқонунӣ бадастомада;

— дар ҳолати доштани якчанд шиноснома асоснокии додани шиносномаҳо санҷида шуда, ба соҳиби он шиносномаи воқеӣ баргардонида мешавад;

— барои истиқомати доимӣ ба хориҷа рафтан, агар бо созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад;

— қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

35. Шиносномаҳо муваққатан аз тарафи мақомоти тафтишот, таҳқиқ ё суд аз айбдоршавандагон ва гумонбаршудагон дар содир намудани ҷиноятҳо, танҳо хангоми ба ҳабс гирифтани онҳо ва ё агар шиносномаҳо далели шайъӣ бошанд, гирифта шуда, ба парвандаҳои ҷиноятӣ ҳамроҳ карда мешаванд.

36. Шиносномаҳои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, пас аз қувваи қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд якҷоя бо парвандаҳои шахсӣ фиристода мешаванд ва дар баробари ин маълумот оид ба шиносномаҳо ба рўйхати ҳуҷҷатҳое, ки дар парвандаҳои шахсӣ дар муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ нигоҳ дошта мешаванд, ворид карда мешаванд. Ҳангоми озод шудан аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ, шиносномаҳо ба соҳибонашон баргардонида мешаванд.

37. Шиносномаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, ки ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват шудаанд, метавонанд барои нигоҳдорӣ ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳрию ноҳиявӣ ё ба фармондеҳони қисмҳои низомии маҳалли ҳозиршавӣ супорида шаванд. Пас аз анҷоми хизмат шиносномаҳо ба шаҳрвандон баргардонида мешаванд. Шиносномаҳои шаҳрвандоне, ки ба муассисаҳои таълимии ҳарбӣ бо қарори фармондеҳони ин муассисаҳои таълимӣ қабул шудаанд, метавонанд барои нигоҳдорӣ ба дастгоҳҳои кадрӣ то анҷоми таҳсил супорида шаванд. Шиносномаҳои супоридашуда бо тартибе, ки бехатарии онҳоро таъмин менамояд, нигоҳ дошта мешаванд.

38. Шиносномаҳои шаҳрвандони вафоткардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоте, ки сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд, супорида мешаванд ва ин мақомот пас аз сабти ҳолати вафот онҳоро ба воҳидҳои ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мефиристанд. Шиносномаҳои шаҳрвандоне, ки дар хориҷа вафот кардаанд, ба намояндагиҳои дипломатӣ ё муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои минбаъд ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристодани онҳо супорида мешаванд.

39. Варақаи шиносномаҳое, ки ҳангоми хонапурӣ вайрон шудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи Дастурамали муштараки Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нобуд карда мешаванд.

40. Шиносномаҳои дар бандҳои 20 ва 35-и Қоидаҳои мазкур зикргардида, шиносномаҳои бинобар сабаби тағйир ёфтани насаб, ном, номи падар ва бо асосҳои дигари пешбининамудаи Қоидаҳои мазкур ивазшуда, инчунин шиносномаҳои шахсони вафоткарда беэътибор дониста шуда, бо тартиби муқаррарнамудаи Дастурамали муштараки Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нобуд карда мешаванд.

5. Бақайдгирӣ ва аз қайд баровардан

41. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ўҳдадоранд, ки дар ҷойи истиқомат ё маҳалли будубоши муваққатӣ дар қайд бошанд. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ доранд, вазифадоранд худро дар қайди ҷойи истиқомат гузоранд.

42. Шаҳрвандоне, ки ҷойи истиқомат ё маҳалли будубоши муваққатиро тағйир дода, аз қайди ҷойи истиқомати пештара ё аз ҷойи будубоши муваққатии пештара худро баровардаанд, вазифадоранд дар давоми 15 рўз ба воҳидҳои ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар қайди ҷойи нави истиқомат гузоштан ё дар маҳалли будубоши муваққатӣ ба қайд гирифта шудан муроҷиат намоянд.

43. Сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд озодона ҷойи истиқомат ё маҳалли будубоши худро муайян кунанд ва ё иваз намоянд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

44. Дар сурати доштани якчанд манзилҳои истиқоматӣ шаҳрванд ҳуқуқ дорад ҷойи истиқомат ё будубоши худро дар яке аз онҳо интихоб намуда, ба қайд гирифта шавад.

45. Бақайдгирӣ аз рўйи ҷойи истиқомат ва маҳалли будубоши муваққатӣ аз тарафи воҳидҳои ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

46. Аз рўи ҷойи истиқомат ба қайд гирифта мешаванд:

— шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ истиқомати доимӣ доранд ё аз хориҷа ба ҷумҳурӣ барои истиқомати доимӣ омадаанд;

— шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷа истиқомати доимӣ дошта, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати мувақкатӣ ба муддати беш аз 6 моҳ — ба мўҳлати зарурӣ, вале на зиёда аз 5 сол омадаанд;

— шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қонунӣ истиқомати доимӣ доранд.

47. Ҷойи истиқомат он ҷое маҳсуб меёбад, ки шаҳрванд дар он доимӣ ё бештари вақт истиқомат менамояд, — бинои истиқоматӣ, хонаи истиқоматӣ, хонаи истиқоматии хизматӣ, хонаҳои махсусгардонидашуда (хобгоҳ, хона-интернат барои шахсони яккаву танҳо, пиронсолон ва маъюбон, хонаи кўдакон, хонаи бачагон, мактаби махсус), инчунин дигар биноҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фонди манзил дохил мешаванд (минбаъд — хонаҳои истиқоматӣ).

48. Барои бақайдгирӣ дар ҷойи истиқомат ба воҳидҳои ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вазъият ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

— шиносномаҳо — барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 16-солагӣ расидаанд;

— шаҳодатнома дар бораи таваллуд — барои кўдакони то 16-сола;

— шаҳодатномаи шахсияти хизматчии ҳарбӣ, маълумотномае, ки аз тарафи фармондеҳони қисмҳо ва муассисаҳои ҳарбӣ пешниҳод гардида ва бо мўҳр тасдиқ гардидааст — барои хизматчиёни ҳарбӣ;

— гувоҳномаи истиқомати доимӣ — барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд (мўҳлати бақайдгирӣ набояд аз мўҳлати эътибори гувоҳномаи истиқомати доимӣ зиёд бошад);

— ҳуҷҷате, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи моликият ба хонаи истиқоматиро (аз ҷумла шиносномаи техникӣ) тасдиқ мекунад ё ҳуҷҷате, ки барои истифода гирифтани онро шаҳодат медиҳад, аз ҷумла тибқи шартномаи иҷора, киро, ҳамчунин барои ба хонаи истиқоматӣ сокин гардониданро бо асосҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ медиҳад;

— ордери манзили истиқоматии пешниҳодгардида;

— ордери пешниҳоди манзил дар хобгоҳ;

— қарори қувваи қонунӣ пайдонамудаи суд (дигар мақоми ваколатдор) дар бораи эътироф намудани ҳуқуқи молумулкии шахс ба хонаи истиқоматӣ;

— иқтибос аз китоби хоҷагидории маҳалли аҳолинишини дахлдор, ки вуҷуд доштани хонаи истиқоматӣ ва дар қайд будани аъзои хоҷагиро дар деҳот тасдиқ менамояд;

— дафтари ҳавлидорӣ, варақаи бақайдгирӣ (дар ҳолати набудани онҳо дафтар ва варақаи нав пур карда мешавад);

— аризаи намунаи муқарраргардида;

— дархости маъмурияти хонаи махсусгардонидашуда ё дигар биное, ки ба фонди манзил дохил мешавад;

— ҳуҷҷатҳои дигаре, ки бо Дастурамали муштараки Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд.

Хизматчиёни ҳарбӣ ҳамчунин билети ҳарбиро (қайднома барои даъватшавандагон) бо сабти комиссариатҳои ҳарбӣ дар бораи ба қайд гирифта шудан, пешниҳод менамоянд.

49. Шахсоне, ки соҳибмулк ва ё иҷорагирӣ (иҷорагирандаи) хонаи истиқоматӣ нестанд, аз рўйи ҷои истиқомат бо розигии соҳибмулк ва иштироки бевоситаи ў дар қайд гузошта мешаванд.

50. Шаҳрвандоне, ки ба муассисаҳои таълимӣ (шакли рўзонаи таҳсил) дохил шуда, дар давоми мўҳлати муайян дар хобгоҳҳо истиқомат менамоянд, барои давраи таҳсил дар қайд гузошта мешаванд.

51. Шиноснома бо сабт дар бораи суроғаи ҷойи истиқомат ба расмият дароварда мешавад. Ҳангоми иваз шудани ҷойи истиқомат, баъди азқайдбарорӣ, дар шиноснома бақайдгирӣ тавассути ба он часпондани варақаи худчаспи ширешдор амалӣ карда мешавад. Дар шиносномаи намунаи соли 1996 бошад, бақайдгирӣ бо роҳи гузоштани мўҳри (сиккаи) қайд анҷом дода мешавад. Маълумот дар бораи бақайдгирӣ ҳамчунин ба дафтарҳои ҳавлидорӣ, варақаҳои бақайдгирӣ ва китобҳои хоҷагидорӣ ворид карда мешаванд.

52. Ҳангоми бақайдгирии муваққатӣ, сабт оид ба суроғаи ҷойи истиқомат дар шиноснома (ҳангоми додани шиноснома), варақаи худчаспи ширешдор, мўҳри бақайдгирӣ, дафтари ҳавлидорӣ, варақаи бақайдгирӣ, китоби хоҷагидорӣ маълумот дар бораи мўҳлати бақайдгирӣ ворид карда мешавад.

53. Аз рўйи маҳалли будубоши муваққатӣ ба қайд гирифта мешаванд:

— шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз як маҳал ба маҳали дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мўҳлати зиёда аз 3 моҳ барои истиқомати муваққатӣ омадаанд ва аз рўи ҷойи истиқомат қайди истиқомати доимӣ доранд ва дар хонаҳои истиқоматие қарор доранд, ки ҷойи истиқомати онҳо маҳсуб намеёбанд аз қайди ҷойи истиқомат баромаданашон ҳатмӣ нест;

— шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷойи истиқоматро тағйир додаанд, аз қайди ҷойи истиқомат ё будубоши пештара бароварда шудаанд ва дар хонаҳои истиқоматие, ки ҷойи истиқомати онҳо намебошанд, қарор доранд;

— шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷа истиқомати доимӣ доранд, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати муваққатӣ ба муддати зиёда аз 6 моҳ омада, дар хонаҳои истиқоматие, ки ҷойи истиқомати онҳо маҳсуб намеёбанд, қарор доранд — ба мўҳлати зарурӣ, вале на зиёдтар аз 2 сол;

— шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷойи истиқомати муайян надоранд — ба мўҳлати қарор доштан дар қабулгоҳ-таҳвилгоҳ.

54. Маҳалли будубош хонаи истиқоматие мебошад, ки шаҳрванд дар он муваққатан қарор дорад ва он ҷойи истиқомати ў намебошад.

55. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои бақайдгирӣ аз рўйи маҳалли будубош зарур мебошанд, ҳуҷҷатҳое маҳсуб меёбанд, ки дар сархатҳои якум, дуюм ва сеюми банди 49 Қоидаҳои мазкур нишон дода шудаанд. Дар баробари ин, ҳуҷҷатҳои дар сархатҳои панҷум, ёздаҳум ва дувоздаҳуми банди 49 нишондодашуда ва ҳуҷҷатҳои дигари бо Дастурамали муштараки Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида пешниҳод карда мешаванд.

Хизматчиёни ҳарбӣ, ки аз қайди ҷойи зисти пештара бароварда шудаанд, ҳангоми бақайдгирӣ дар ҷойи будубош ҳамчунин билети ҳарбиро (қайднома барои даъватшавандагон) бо сабти комиссариатҳои ҳарбӣ дар бораи гузоштан дар қайди ҳарбӣ пешниҳод менамоянд.

56. Бақайдгирии шаҳрвандон аз рўйи маҳалли будубош дар хонаҳои истиқоматӣ ба муддати муайян, вале на зиёдтар аз мўҳлати дар шартномаи иҷора зикргардида, амалӣ карда мешавад.

Мўҳлати амали бақайдгирӣ аз рўйи ҷойи будубош ҳангоми ҳузури шахсӣ ва розигии шахсони зерин муайян карда мешавад:

— иҷорагир (иҷорадиҳанда), агар манзили истиқоматӣ ба фонди манзили давлатӣ (идоравӣ) ё дигар фонди манзил тааллуқ дошта бошад;

— соҳибмулки хонаи истиқоматӣ, агар манзили истиқоматӣ ба моликияти хусусӣ дахл дошта бошад.

57. Шаҳрвандоне, ки аз қайди ҷойи истиқомати пештара бароварда нашудаанд, аз рўйи маҳалли будубош ба мўҳлати на зиёдтар аз 1 сол ба қайд гирифта мешаванд. Дар ҳолатҳои истисноии вобаста ба сафарҳои хизматӣ, кор, коромўзӣ, муолиҷа ва ғайра шаҳрвандон бе баровардан аз қайди ҷойи истиқомат ба мўҳлати зарурӣ, вале на зиёдтар аз 2 сол аз маҳалли ҷойи будубоши муваққатӣ ба қайд гирифта мешаванд.

58. Минбаъд ҳангоми тамдиди будубоши муваққатӣ барои шаҳрвандоне, ки аз қайди ҷойи истиқомати пештара бароварда шудаанд, бақайдгирӣ аз рўи маҳалли будубош пас аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дар бандҳои 56 ва 57 Қоидаҳои мазкур пешбинигардида ба расмият дароварда мешавад.

59. Барои бақайдгирӣ дар ҷойи истиқомат ё аз рўи маҳалли будубош, розигии хаттии соҳибмулк, иҷорагири (иҷорадеҳ) манзили истиқоматӣ ва ё бо розигии (нусхаи аслӣ) тавассути нотариалӣ тасдиқгардидаи ў ба воситаи намояндаи худ пешниҳод карда мешавад.

60. Шиноснома бо сабти суроғаи ҷойи будубош, бо зикри мўҳлати бакайдгирӣ ба расмият дароварда мешавад. Ҳангоми бақайдгирии шаҳрвандон аз рўи маҳалли будубоши муваққатии нав ба шиноснома варақаи иловагии бақайдгирӣ дода мешавад. Ҳангоми тамдид намудани мўҳлати муваққатии будубош варақаи иловагии бақайдгирии нав бо ишораи мўҳлати амали он барасмият дароварда мешавад. Маълумот дар бораи бақайдгирӣ аз рўи маҳалли будубош дар дафтаре, ки тибқи Дастурамали муштараки Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, дарҷ карда мешавад.

61. Барои амалиёти Қоидаҳои мазкур боҷи давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ситонида мешавад.

62. Агар ҳангоми барасмиятдарории бақайдгирӣ ба вайрон намудани талаботи Қоидаҳои мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи воҳидҳои ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Ҷумхурии Тоҷикистон, ки онро ба расмият даровардаанд роҳ дода шавад, бақайдгирӣ аз рўйи ҷойи истиқомат метавонад аз тарафи мақомоти болоии Вазорати мазкур ё суд бекор карда шавад.

63. Аз қайд баровардан аз ҷойи истиқомат аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда мешавад:

— тағйир ёфтани ҷойи истиқомат — дар асоси аризаи шаҳрванд ё дархости маъмурияти хонаи махсусгардонидашуда ё дигар биное, ки ба фонди манзил дохил мешавад;

— барои истиқомати доимӣ ба хориҷи кишвар рафтани шаҳрванд;

— қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— ҳангоми маҳрум кардани шахс аз ҳуқуқи истифодаи манзили истиқоматӣ — дар асоси қарори қувваи қонунӣ пайдонамудаи суд;

— бедарак ғайбзада эътироф намудан — дар асоси қарори қувваи қонунӣ пайдонамудаи суд;

— ошкор гардидани маълумот ва ҳуҷҷатҳои ба воқеият мувофиқатнакунандае, ки барои бақайдгирӣ асос шудаанд, инчунин амалҳои ғайриқонунии шахсони мансабдор ҳангоми ҳалли масъалаҳои бақайдгирӣдар асоси қарори қувваи қонунӣ пайдонамудаи суд;

— вафот ё вафоткарда эълон шудани шахс — дар асоси шаҳодатномаи вафот, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба расмият дароварда шудааст ё қарори суд, ки қувваи қонунӣ пайдо намудааст.

64. Аз қайди ҷойи истиқомат ё будубоши муваққатӣ баромадан дар ҳолати ҳозир шудани аризадиҳанда ё бо розигии ў (нусхаи аслӣ), ки ба таври нотариалӣ тасдиқ шудааст ё ин ки бо дархости сохтори ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба он аризаи хаттӣ замима шудааст, амалӣ карда мешавад.

65. Ҳангоми ба охир расидани мўҳлати амали бақайдгирӣ дар ҷои истиқомат ё будубоши муваққатӣ, шаҳрвандон аз қайд баровардашуда ҳисобида мешаванд.

66. Ҳангоми пеш аз мўҳлат хориҷ шудани шаҳрванд аз хонаи истиқоматие, ки ҷойи истиқомати ў мақсуб намеёбад, бо розигии хаттии молик, иҷорагир (ё бо розигӣ додани ў (нусхаи аслӣ) ба намояндаи худ, ки ба таври нотариалӣ тасдиқ шудааст) дар асоси аризаи шаҳрванд ё бо дархости маъмурияти хонаи махсусгардонидашуда ё биное, ки ба фонди манзил дохил мешавад, шаҳрванд аз қайди маҳалли будубош хориҷ карда мешавад.

67. Ҳангоми аз қайди ҷойи истиқомат баровардан: дар шиносномаҳо варақаи худчаспи ширешдор бо зикри таърихи аз қайд баровардан часпонида мешавад; дар шиносномаи намунаи соли 1996 мўҳри азқайдбарорӣ гузошта мешавад. Ҳангоми аз қайд баровардан аз маҳалли будубош дар варақаҳои иловагии шиносномаҳо мўҳри бо зикри таърихи азқайдбарорӣ гузошта мешавад. Маълумот дар бораи аз қайдбарории шаҳрванд ҳамчунин ба дафтарҳои ҳавлидорӣ, варақаҳои бақайдгирӣ ва китобҳои хоҷагидорӣ ворид карда мешаванд.

68. Тартиби амалӣ намудани бақайдгирӣ аз рўйи ҷойи истиқомат, будубош, аз қайди ҷойи истиқомат баровардан, аз қайди маҳалли будубош баромадан, шаклҳои ҳуҷҷатҳои зарурӣ, мўҳрҳо ва дигар варақаҳо бо Дастурамали муштараки Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

6. Муқаррароти хотимавӣ

69. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрвандӣ ва шахсони мансабдор, ки Қоидаҳои мазкурро вайрон мекунанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.