Cанаи 31-уми октябр дар бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба лоиҳаи «Калкан»-и «Интерпол» баргузор гардид, ки дар он Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Котиби генералии «Интерпол» Юрген Шток ва намояндагони зиёда аз 20 давлати ҷаҳон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар рафти ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зикр намуд, ки вазъи ҷиноятии ҷаҳони имрӯза аз ҳамаи мо, пеш аз ҳама, сари вақт ва дуруст дарк намудани раванди таҳдиду хатарҳои ҷиноятҳоро талаб намуда, мебояд дар ҳамбастагӣ ҳамкориҳоямонро дучанд намуда, баҳри мубориза ба таҳдиди ҷиноятҳои хариду фурӯш ва паҳн гардидани силоҳи қатли ом, терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва пешгирии дигар ҷиноятҳои алоқаманд ба самти фаъолият диққати хосса диҳем.
Дар рафти ҷамъомад аз ҷониби Котиби генералии «Интерпол» Юрген Шток лоиҳаи нав бо унвони «Калкан» муаррифӣ гардид, ки он баҳри мубориза алайҳи пешгирӣ ва таҳдидҳои ҷаҳони муосир, ба монанди терроризму экстремизм амалӣ карда мешавад. Лоиҳаи мазкур барои мубодилаи иттилоот бо бисёре аз кишварҳои иштирокчӣ имконият фароҳам меорад.
Зимни баргузории чорабинии мазкур ҳозирин оид ба ҳамкориҳои мутақобилаи «Интерпол»-ҳои давлатҳои аъзо, ошкор ва пешгирии ҷиноятҳои муташаккилона, муайян ва таҳлил намудани роҳҳои ворид ва хориҷи ҷинояткорон тавассути сарҳадот ба минтақаҳои даргир, мубодилаи иттилоот ва дигар самтҳои фаъолияти «Интерпол» суханронӣ намуданд.