23 Ноябр, 2024

Дарси хизматӣ баҳшида ба 25-солагии Конститутсияи Чумҳурии Тоҷикистон

Санаи 18 октябри соли 2019 дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ машғулияти хизматӣ дар мавзуъи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Бо мақсади омӯзиш ва огоҳӣ пайдо намудан аз моҳияти Конститутсия дарсро бо иштироки роҳбарияти ХШБ муаллими кафедраи фанҳои даватии ҳуқуқи факултети № 2 Академияи ВКД, лейтенанти милитсия Ҳамза Фаҳриддинзода гузаронид.

Дар рафти чорабинӣ Ҳамза Фаҳриддинзода аз даврони қабул гаридани Конститутсияи ҷумҳурӣ, ворид гардидани тағйиру иловаҳо, нақши Контитутсия дар ҳаёти ҷомеъа ва дигар паҳлуҳои он суханронӣ намуд.

Инчунин, иштирокчиён ба баромадкунанда саволҳои гуногун дода, ҷавобҳои дақиқ гирифтаанд.