16 октябри соли 2019 Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД, полковники милитсия Халилзода Ҳусейн Собир бо намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Фаронса вохӯрӣ гузаронд. Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқҳои гурезагон ва шахсони паноҳҷӯянда баррасӣ шуд.
Инчунин, ҷонибҳо масъалаи пешгирии убур кардани сарҳад ва ворид шудан ба қаламравӣ давлат аз ҷониби шахсони номатлуб мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Дар давоми вохӯрӣ масъалаҳои муайян ва бақайдгирии шахсони бешаҳрванд, ба даст овардани шаҳрвандии Ҷумҳрии Тоҷикистон, таҳсили фарзандони гурезагон, дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва ғайра барраӣ ва муҳоқима шуд.