23 Ноябр, 2024

Баррасии масъалаҳои мубориза бар зидди таҳдидҳои муосир

16 сентябри соли 2019 дар ш.Душанбе ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории ҳамоҳангсозии Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Узбекистон таҳти роҳбарии муовини аввали Вазири корҳои дохилии генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода А.А. ва муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Узбекистон Тошпулатов А.А. баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷуҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Халилзода Ҳусейн Собир низ иштирок намудаанд.

Дар воҳурӣ масъалаҳои густариш додани ҳамкорӣ, мубодилаи таҷриба дар самти мубориза алайҳи унсурҳои ҷиноятӣ ва иттилооти оперативӣ баҳри пешгирии ҷиноят ва дигар ҷанбаҳои фаъолияти таъмини амнитяу тартибот баррасӣ ва муҳоқима шудаанд.