22 Ноябр, 2024

Истиқлолияти давлат – дастоварди бузург

Санаи 6 сентябри соли 2019 дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлис баҳшида ба таҷлили 28-умин солгарди Истиқолияти давлатӣ барпо гардид. Дар маҷлис Сардори Хадамоти шинономавию бақайдгирӣ, полковники милитсия Халилзода Ҳусейн Собир, роҳбарони сохторҳои зертобеъ, кормандон ва меҳмонон ҳузур доштаанд. Сардор суҳани табрикотӣ гуфта, ба кормандоне, ки дар фаъолият нишондодҳои назаррас доштанд, мукофотҳо супорид.

Дар давоми ҷаласа муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники миитсия Самиҳов Бахтиёр Салимович ва Амиров Ҷалолиддин, корманди масъули Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба ҳайати шахсии ХШБ ВКД ҶТ маърузаашонро дар авзӯи “Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳо дар даврони истиқлол” пешбарӣ намудаанд.