22 Ноябр, 2024

Идомаи силсилаи чорабиниҳо дар доираи раванди Алмаато

26-27 августи соли ҷорӣ да шаҳри Душанбе ҷаласаи 3-юми гурӯҳи кории

техникии раванди Алмаато барпо гардид.

Дар ҷаласа намояндагони давлатҳо-иштирокчиёни раванди Алмаато: Афғнистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон,Туркманистон, Туркия, Узбекистон, инчунин вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва ҳаоҳангсозони дафтарҳои минтақавии Ташкилоти байналмилалӣ оид ба муҳоҷират ва Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо.

Дар давоми ду рӯз масъалаҳои банақшагирӣ ва дурнамоиҳои раванди Алмаато, масоили интиколи маблағҳои муҳоҷирон, баланд бардоштани масъулияти корфармоён, мушкилот дар ҷамъоварии маълумот, таълими касбӣ-техникӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва реинтегратсия баррасӣ ва муҳоқима шуд.

Аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ муовини Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, полковники милитсия Зумрад Абдуллозода бо презентатсия да мавзуъи мубрам  иштирок намуд.