22 Ноябр, 2024

Ҳамоиш доир ба ҳамоҳангсозии мақомотҳои марбута вобаста ба ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ

22 августи соли ҷорӣ мутобиқи супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 21-12/10/113923 аз 29.07.2019 муовини Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Зумрад Абдуллозода ва корманди ҳамин Хадамот Ҳабибова Гулшан дар Конфронси оид ба моҳияти ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намудаанд.

Ҳамоиши мазкур дар чаҳорчуби лоиҳаи UNDP “Дастгирии ислоҳоти низоми мақомоти САҲШ” барпо шуда, дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.

Ба иштирокчиён презентатсияҳои пурмазмун ва мубрами рӯз пешбарӣ шуда, самтҳои ҳамкориҳои оянда муайян карда шуд.