Бахшида ба ҷашни Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 24-уми ноябр таҷлил карда мешавад, дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсӣ чорабинии маърифатӣ доир карда шуд.
Дар ҷамъомад муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ полковники милитсия Раҷабзода Боймаҳмад Шариф баромад намуда, пас аз суханҳои табрикотӣ, доир ба таърихи парчамдории халқи тоҷик аз замони қадим то ба даврони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ибрози андеша намуд.
Аз ҷумла қайд карда шуд, ки баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 ва соҳибистиқлолии комилро ба даст овардани Ҷумҳуриии Тоҷикистон зарурати қабул кардани парчами нав ба миён омад. Рӯзи 24 ноябри соли 1992 парчами кунунии Тоҷикистон қабул шуд. Вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон № 254 аз 12 майи 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад.
Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат 30 августи соли 2011 дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе баландтарин парчам дар ҷаҳон парафшон шуд, ки баландии сутуни он ба 165 метр мерасад ва дарозии матои он 60 ва бари он 30 метрро ташкил медиҳад.
Рангҳои парчами миллии мо ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ мебошанд. Дар атрофи рангҳои Парчам, тоҷу ҳафт ситораи он дар ҷараёни кори Иҷлосияи 16-ум баҳсҳои тӯлонӣ ба миён омада бошанд ҳам, Парчами миллӣ дар шакли имрӯзи он аз се ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора қабул гардид, ки ҳар ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора моҳияти таърихӣ ва аҳамияти сиёсии ба худ хосро доранд.
Парчам ҳамчун рамзи давлат ба ифтихори дастоварду пирӯзиҳои фарзандони фарзонаи миллат, дар майдонҳои варзишӣ баробари садо додани Суруди миллӣ барафрохта мешавад. Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯз дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ Парчами Тоҷикистон партавафшонӣ мекунад. Арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ эътироф кардани тамоми арзишҳои гузаштаву имрӯз ва фардои миллат аст.
Дар идомаи ҷамъомад доир ба аҳамияти Парчами давлатӣ инчунин дигар кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ибрози назар намуданд.
Х. Солиҳӣ