13 Декабрь, 2024

Мизи мудаввар доир ба ҳалли мушкилоти ҳуқуқии гурезаҳо

 

Дар доираи ҳамкориҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ бо Намояндагии Раёсати Комисариати Олии СММ оид ба паноҳҷӯяндагон дар Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат» санаи 20.11.2024 дар меҳмонхонаи «Атлас»-и шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи “Мубодилаи афкор оид ба ҳалли мушкилоти ҳуқуқи гурезаҳо” баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Раёсати Комисариати Олии СММ оид ба паноҳҷӯяндагон дар Тоҷикистон, ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат», Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва кормандони шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар кори ҷамъомад дар атрофи мавзӯҳои матраҳшуда, аз ҷумла доир ба таҳияи ҷузваи иттилотии мухтасар оид ба ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсони паноҳҷӯянда ва гуреза, вазъи ҳуқуқии гурезаҳо дар ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру мулоҳизаҳои тамоми иштирокчиён ҷалб карда шуданд.

Дар натиҷаи мубодилаи афкор аз ҷониби иштирокчиён ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва иҷрои вазифаҳои гузошташуда таклифу пешниҳод ва тавсияҳои муфид манзур карда шуда, қарор карда шуд, ки дар чорабиниҳои дар оянда ба нақша гирифташаванда дар мадди аввал ба инобат гирифта мешаванд.

Х. Солиҳӣ