26 Декабрь, 2024

Маърифати ҳуқуқӣ – асоси рушди ҷомеа

 

17-уми майи соли 2024 дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ дар доираи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024, машғулияти хизматӣ дар мавзўи “Омўзиши меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” доир карда шуд.

Бо ин мақсад, барои гузаронидани машғулияти хизматии ҳайати шахсии дастгоҳи марказии Хадамот муаллими калони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон майори милитсия Қодирзода Ғолиб Нурулло даъват карда шуд.

Омӯзгори ботаҷрибаи Академияи вазорат Ғолиб Қодирзода зимни баромади хеш дар атрофи мавзӯи машғулияти хизматӣ, ҳамчунин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон чун самти махсуси фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ибрози андеша намуд.

Қайд гардид, ки дар замони муосир масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ташаккули шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд аҳамияти бештар касб намудааст. Эҳтиром ба қонун ва ҳуқуқи инсон натиҷаи сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқӣ мебошад. Сатҳи нокифояи маърифати ҳуқуқӣ ва паст будани шуури ҳуқуқӣ, паҳншавии нигилизми ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ монеаи татбиқи принсипи волоияти қонун ва дигар арзишҳои давлати ҳуқуқбунёд мегардад.

Дар идомаи суханрониаш майори милитсия Қодирзода Ғ.Н. доир ба мазмун ва муҳтавои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонун ва кодексҳои амалкунанда, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», амру фармон ва қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меёрии ҳуқуқӣ равшанӣ андохт.

Зикр шуд, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини миллати тоҷик мебошад.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ  ва  ногузир  будани  масъулияти ҳуқуқӣ дар партави иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бармеоянд, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, № 668 ба имзо расидааст.

Тадбири мазкур бешак ба эҳтиром ва риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тақвияти рағбати шаҳрвандон ба донишҳои соҳаи ҳуқуқ ва паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат хоҳад намуд.

Дар охир ба баромадкунанда аз ҷониби ҳайати шахсӣ доир ба мавзўъ саволҳо дода шуданд, ки посухҳои қонеъкунандаи худро гирифтанд.

Х. Солиҳӣ