13 Декабрь, 2024

Маросими тантанавии шиносномасупорӣ дар Турсунзода

 

12 апрели соли 2024 аз ҷониби Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ ва хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар шаҳри Турсунзода дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №98 ба номи Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ Бакир Давлятови шаҳри Турсунзода маросими тантанавии супоридани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони ҷавон баргузор гардид.

Дар ин рўз 41 нафар хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи мазкур, ки акнун ба синни 16 расида буданд, шаҳрвандони баробарҳуқуқи Ватани азиз – Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.

Зимни суханрониаш дар назди хонандагон муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ подполковники милитсия Раҷабмоҳ Раҳмонализода   хонандагонеро, ки ба синни 16 расидаанду имрўз соҳиби шиноснома гардиданд, табрик гуфта, қайд намуд, ки чорабиниҳои ба таври тантанавӣ супоридани шиноснома ба шаҳрвандони кишвар ба ҳукми анъана даромадааст. Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати асосии тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрвандони мо ҳисоб ёфта, ҳамчунин таллуқ ба шаҳрвандиро низ нишон медиҳад.

Дар фазои тантанавӣ супоридани шиноснома муҳиммияти ҳуҷҷати мазкур, ҳисси Ватандўстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллию давлатдориро нишон медиҳад.