21 Октябрь, 2025

Марҳилаи дуюми амалиёти «Нелегал-2025» дар вилояти Хатлон

 

Ҳамасола дар давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) бо мақсади танзими раванди муҳоҷират дар чанд марҳила амалиёти муштараки “Нелегал” гузаронида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки амалиёти мазкур мутобиқи нақшаи гузаронидани амалиёти минтақавии СААД оид ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ «Нелегал-2025» ва иҷрои Фармони якҷояи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила, аз 16-ум то 25-уми июни соли 2025 бо номи «Нелегал-Трафик» аз ҷониби кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, масъулини Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон ва Раёсати Хадамоти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, ошкор намудани муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар қонуншиканиҳо гузаронида шуд.

Марҳилаи дуюми амалиёти «Нелегал-2025» бо номи «Нелегал-Кордон» аз санаи 13-ум то 22-юми октябри соли 2025 ба роҳ монда шудааст.

Амалиёти муштарак бо мақсади ошкор намудани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ташкилотчиёни он, пурзӯр намудани назорат оид ба риояи қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ҳудуди вилоят, ҳамзамон ғайриқонунӣ ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудани онҳо дар ҳудуди вилоят ва ислоҳи камбудиву норасоиҳо гузаронида мешавад.