10 Сентябрь, 2025

Таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ

 

Санаи 05.09.2025 дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсии дастгоҳи марказии хадамот ба муносибати ҷашни 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир карда шуд.

Дар чорабинии идона нахуст сардори ХШБ ВКД Тоҷикистон полковники милитсия Мирзозода Ҷомӣ Ҷамахон суханронӣ намуда, ҳамагонро бо солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.

Қайд карда шуд, ки Истиқлолият – ин бузургтарин дастоварди миллати тоҷик ва халқу қавмҳои Тоҷикистон дар тӯли таърихи ҳазорсола мебошад. Баъди пош хӯрдани давлати Сомониён пас аз ҳазор сол имконият моро даст дод, ки ба орзуи деринаи худ бирасем. Зеро мустақилият ва соҳибихтиёрӣ метавонад беҳтарин арзишҳо ва дороии ҳар як миллату халқиятро ҳифз намуда, таҷассумгари орзуву омоли мардум бошад.

Имрӯзҳо сокинони Ватанамон бо ҳисси ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдорӣ   ин ҷашни бузург ва таърихии миллати тоҷик – Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҷлил мекунанд.

Истиқлолияти давлатиро метавон бо корҳои ободонию созандагӣ пайвастагӣ дод, чунки дар тайи ин солҳо корҳои ободонию созандагии зиёд ба сомон расонида, он мунтазам идома меёбад. Сохтмони нақбу пулҳо, роҳҳои оҳан, хаттҳои қувваи барқ, ба мисли шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, Душанбе-Кўлоб-Хоруғ-Кулма, нақбҳои Истиқлол, Хатлон, Озодӣ, Шаҳристон, хати баландшиддати қувваи барқи Ҷануб-Шимол, роҳи оҳани Бохтар-Кӯлоб ва ғайра аз дастовардҳои бузург дар даврони Истиқлолият ба шумор мераванд.

Корҳои ободонӣ, сохтмони иншоотҳои нави хизматрасонӣ дар ҷузъу томҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ то имрӯз идома дошта, имрўз тамоми воҳидҳои Хадамот бо шароити зарурии хизматрасонию хизматбарӣ таъмин мебошад.

Ҷорӣ намудани шиносномаи миллӣ, шиносномаи хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот, дигар ҳуҷҷатҳои барои шаҳрвандони кишвар ва шаҳрвандони хориҷӣ зодаи замони Истиқлолият ба шумор мераванд.

Шиносномаи хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ҷавобгӯ ба талаботҳои Созмони умумиҷаҳонии авиатсияи гражданӣ (ICAO) буда, дорои хусусиятҳои баланди ҳимоявӣ ва микросхема бо антенаи васлшаванда (чип) мебошад.

Айни замон, мо ба низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва Ҳукумати электронӣ гузаштем, ки риояи онро ҳаматарафа назорат мебарем-иброз дошт, сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ Ҷомӣ Мирзозода.

Дар идомаи чорабинӣ якчанд кормандони ҷавони дастгоҳи марказии хадамот, аз ҷумла подполковники милитсия Шамида Халифазода, лейтенанти милитсия Раҷабалӣ Давлатзода, сержанти калони милитсия Дилором Холова бахшида ба таҷлили ҷашни 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таманниёти неки худро расонданд.

Ҳамчунин, дар ҷамъомад ба як қатор кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, ки аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои софдилонаю содиқона ва саҳми арзанда гузоштан дар пешрафти фаъолияти корӣ бо мукофотҳои идоравӣ сарфароз гардонида шуданд, дар фазои тантанавӣ аз тарафи сардори хадамот супорида шуданд.

Расми хотиравии роҳбарият ва ҳайати шахсӣ дар саҳни бинои хадамот чорабинии идонаро ҳусни анҷом бахшид.

Х.Солиҳӣ