10 Сентябрь, 2025

Омўзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ

 

17-уми июли соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарнозири раёсати муқовимат бо коррупсия лейтенанти калони адлия Сайфиддинзода Нуриддин Сайфиддин, нозири калони ҳамин раёсат Зокирзода Абдуваҳоб Восит ва ҳайати шахсии дастгоҳи марказии хадамот доир ба шарҳи баъзе аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ вохўрӣ доир карда шуд.

Нахуст, муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ полковники милитсия Боймаҳмад Раҷабзода ба самъи ҳайати шахсӣ пешниҳоди Агентиро ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти баъзе аз кормандони хадамот ва омўзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ расонид.

Сипас, сарнозири раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентӣ лейтенанти калони адлия Нуриддин Сайфиддинзода дар атрофи қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия, мазмуну муҳтавои баъзе аз санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои ба фаъолияти хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дахлдорро шарҳ дода, тавсия дод, ки кормандон бояд ин санадҳоро беш аз пеш омўхта, дар фаъолияти ҳаррўзашон дуруст ба роҳ монанд.

Дар идомаи суханрониаш номбурда оид ба хушмуомила будан бо шаҳрвандон, махсусан бо шаҳрвандони хориҷӣ, пардохти ғайринақдии хизматрасониҳо, саҳм гузоштан дар пешгирии омилҳои коррупсионӣ ибрози назар намуд.

Х. Солиҳӣ