Риояи маданияти шаҳрдорӣ дар мадди назар

 

Дар доираи амалиёти профилактикии «Маданияти шаҳрдорӣ», ки бо ибтикори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон бо ҷалби сохтору идораҳои давлатӣ ва фаъолони маҳал ҷараён дорад, бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа, баланд бардоштани савияи ҳуқуқии шаҳрвандон, густариши маданияти шаҳрнишинӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ чорабиниҳои маърифатӣ-ҳуқуқӣ амалӣ гардида истодааст. Гурӯҳҳои корӣ аз ҳар як сокини шаҳру ноҳияҳои вилоят тақозо менамоянд то дар ободу зебогардонии муҳити атроф ва шукуфоии маҳали зист саҳмгузор бошанд.

Дар паи ин иқдом кормандони Хадамоти шиносномавӣ-бақайдгирии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон низ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо сокинон вохӯриву мулоқотҳо гузаронида, аз шаҳрвандон хоҳиш менамоянд, ки маданияти волои шаҳрдориро риоя намуда, ба меҳмонони дохилию хориҷӣ баҳри муаррифии шоистаи миллати соҳибтамаддун масъулият ва ташаббусҳои созандаи хешро нишон диҳанд.

Ҳамзамон ба сокинон таъкид мегардад, ки шаҳрвандӣ, пеш аз ҳама, масъулият ва иштироки фаъолонаи худро дар корҳои ҷамъиятӣ таҳким бахшанд.