
Ҳамасола дар ду марҳила давлатҳои аъзои Шурои ҳамоҳангсозии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД), аз ҷумла Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ ва ошкорсозии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, сабабҳои содиршавии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ чорабиниҳои санҷишии муштарак таҳти унвони шартии «Нелегал» мегузаронанд.
Тибқи нақшаи фаъолият ва қарори Шурои ҳамоҳангсозии мубориза ба муҳоҷирати ғайриқонунии СААД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи аввали чорабинии профилактикӣ аз 16 июн оғоз ва то 25 июн идома хоҳад кард. Дар асоси Фармоиши якҷояи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Точикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалаиёти самтӣ таҳти унвони шартии «Нелегал-трафик» оғоз ёфт.
Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ҳамчун ҳамоҳангсози фаъолияти мақомотҳои болозикр дар минтақа, нақшаи чорабиниҳоро дар ин самт тартиб дода, иҷрои талаботҳои амалиёти мазкурро бо ҷалби мақомотҳои марбута ва қувваҳои дигари сохторҳои милитсия ба роҳ мондааст.
Шуруъ аз 16 июн ҳайати шахсии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд низ дар амали гардидани чорабинии мазкур дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳиссагузорӣ мекунанд. Назорат ва санҷиши тартиби риояи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ҷойи истиқомат ва иншоотҳои корӣ, ки низоми шиносномадории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намекунанд ошкор гардида, ҳуҷҷатгузорӣ карда мешавад. Санҷишҳои муштарак дар корхонаву ташкилотҳое, ки дар он шаҳрвандони хориҷӣ фаъолияти меҳнатӣ доранд, манзилҳои иҷоравӣ, меҳмонхонаҳо, хобгоҳҳо, иншоотҳои сохтмонӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан, фурудгоҳ ва гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ амалӣ карда мешавад, ки буду боши шаҳрвандони хориҷӣ дар ин нуқтаҳо ҷой дорад.
Аз таҷрибаи амалӣ гуфтан ба маврид аст, ки асосан ҳолатҳои бе раводид, бе қайди шиноснома дар МКД, бе иҷозати корӣ фаъолияти меҳнатӣ бурдан аз ҳуқуқвайронкуниҳое мебошанд, ки содиршавии он аз тарафи баъзе аз шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳамаи давлатҳо раванди муҳоҷират назорат карда мешавад.
Раёсати ВКД дар вилояти Суғд