
Дар асоси даъватномаи Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират (ICMPD), сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Мирзозода Ҷомӣ Ҷамахон дар давраи омўзишӣ оид ба тасдиқи айнияти шахс ва аслияти ҳуҷҷатҳо, ки рўзҳои 17-19 июни соли 2025 дар шаҳри Амстердами Шоҳигарии Нидерландия баргузор гардида истодааст, иштирок дорад.
Дар чорабинии омўзишии мазкур иштирокчиён бо дастовардҳо аз техникаю технологияи муосир оид ба пешгирии ҳуҷҷатҳо аз сохтакорию қалбакисозӣ, муайянсози намудҳои ҳуҷҷатҳо, ворид намудани системаи ҳимоявии муосир шиносоӣ пайдо намуданд.
Таҷрибаи мазкур дар фаъолияти ҳамарўза оид ба пешгирии сохтакории ҳуҷҷатҳо манфиатбахш мебошад.
Давраи омўзишӣ айни замон идома дорад.