Чорабинии шиносномасупории навбатӣ дар шаҳри Ваҳдат

 

Чорабинии навбатии ба таври тантанавӣ супоридани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагони ба синни 16 расида санаи 2 -юми майи соли 2025 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат доир карда шуд.

Муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ полковники милитсия Раҷабмоҳ Раҳмонализода хонандагонеро, ки дар ин рўз соҳиби шиноснома гардиданд, табрик гуфта, онҳоро ба интихоби касбу донишомўзӣ ҳидоят намуд.

Қайд гардид, ки наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки бо назардошти вазъи сиёсии пешгўинашавандаи ҷаҳони имрўз беш аз пеш ҳушёру зирак бошанд, дар атрофи Пешвои муаззами миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардем, ватандўсту меҳанпараст бошем, аш шароитҳои мусоиди таҳсилу касбомўзӣ самаранок истифода баред, аз хавфу хатарҳои гурўҳҳои ифротию моҷораҷў эҳтиёт шавем.

Дар ҷамъомад ҳамчунин сардори шуъба оид ба кори шиносномавии ХШБ подполковники милитсия Сурайё Шамсуддинзода ва кормандони масъули ХШБ ШВКД дар шаҳри Ваҳдат иштирок намуданд.

Ташкилкунандагони чорабинӣ дар ин рўз ба беш аз 20 нафар хонандагони синфҳои болоӣ шиносномаи миллӣ супориданд.

Х. Солиҳӣ