СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ХШБ ВКД ҶТ: Пешгирӣ ва коҳиш додани бешаҳрвандӣ дар Тоҷикистон

 

– Ҳолатҳои нигаронкунанда оид ба пешгирӣ ва ё кам намудани бешаҳрвандӣ дар якчанд санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон мустаҳкам карда шудаанд. Аз ҷумла, дар паймонҳои байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ масъалаи бешаҳрвандӣ аз нуқтаи назари таъмини бақайдгирии ҳатмии ҳар як кӯдак баъд аз таваллуд шудани он, ки ба ӯ ҳуқуқи қабул намудани шаҳрвандиро медиҳад, баррасӣ карда мешавад, – иброз намуд сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД полковники милитсия Ҷомӣ Мирзозода зимни сухани ифтитоҳӣ дар семинар-машварат дар мавзуъҳои «Пешгирӣ ва коҳиш додани бешаҳрвандӣ дар Тоҷикистон» ва «Рақамикунонии соҳа», ки рӯзи 26 апрели соли равон дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Румӣ”-и шаҳри Душанбе бо иштироки кормандони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ» доир гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ, пеш аз ҳама дар Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро пурра таъмин намудааст.

Қабул гардидани Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ду Фармони Президенти мамлакат дар бораи фаъолияти Комиссия оид ба масъалаҳои шаҳрвандии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби баррасии масъалаҳои шаҳрвандӣ қадамҳои устувор дар самти кам намудани бешаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон” 8 августи соли 2015 таҳти №1208 дар таҳрири нав қабул гардид, ки якчанд моддаҳои он махсус барои пешгирӣ ва кам намудани ҳолати бешаҳрвандӣ нигаронида шудааст. Масалан, дар моддаи 6-и қонуни конститутсионии мазкур, ки мусоидат ба пешгирии бешаҳрвандӣ номгузорӣ гардидааст, чунин омадааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб шудани шахси бешаҳрвандро дастгирӣ намуда, барои ба шаҳрвандии дигар давлат соҳиб шудани ӯ монеъ намешавад”, – афзуд баромадкунанда.

Ҳамзамон, моддаи 13 қонуни конститутсионии мазкур “Соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи таваллуд” 9 банд дорад, ки ҳамаи бандҳои моддаи мазкур барои пешгирӣ намудани ҳолатҳои бешаҳрвандӣ равона гардидаанд.

Ба андешаи полковники милитсия Ҷомӣ Мирзозода, Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати иҷрои супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонун «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд» таҳия намуда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намуд, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 18 декабри соли 2019, таҳти №1652 қабул карда шуд.

Дар асоси қонуни мазкур дар умум, ба 1498 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд гувоҳномаи иқомат дар ҳудуди ҷумҳурӣ дода шудааст, ки аз ин шумора – 501 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва 997 нафарро шахсони бешаҳрванд ташкил медиҳанд.

Дар идомаи чорабинӣ сарвари иҷроияи Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ» Екатерина Смолякова дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти 10-солаи ташкилот ва ҳамкориҳои судманд бо ХШБ дар ин самт маълумот дод.

Инчунин, ҳуқуқшиноси ин ташкилот Аскар Ҳоҷиев бо намоиши слайд доир ба корҳои баанҷомрасонидаи бахшҳои шиносномавию бақайдгирии шаҳру вилоятҳои манотиқи ҷумҳурӣ баромад кард.

Қайд гардид, ки ТҶ “Ҳуқуқ ва беҳбудӣ” дар якҷоягӣ бо кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо шаҳрвандон вохӯриҳо баргузор намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, дар натиҷа шаҳрвандонеро, ки бо шиносномаи собиқ шаҳрванди ИҶШС будубош доштанд, муайян намуда, барои гирифтани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намудаанд. Ҳамзамон, дар якҷоягӣ шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, бе қайд, бе раводид, бо шаҳодатномаи таваллуд, бо шиносномаи собиқ шаҳрванди ИҶШС муайян карда, соҳиби ҳуҷҷати расмии гувоҳномаи иқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардониданд.

Дар маҷмуъ, ин ташкилот дар доираи лоиҳаи «Пешгирӣ ва кам кардани бешаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба одамон барои дастрас кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва шаҳрвандиашон кумак мекунад.

Бо таъсиси гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи ХШБ ва ҷалби намояндагони ташкилоти ҷамъиятии “Ҳуқуқ ва беҳбудӣ” ба минтақаҳое, ки шаҳрвандони таҳти амали қонун қароргиранда бештар аст, сафарбар шуданд. Вазифаи гурӯҳҳои корӣ бори дигар фаҳмонидани моҳияти қонуни мазкур, мусоидат дар тезонидани ҳуҷҷатгузорӣ, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои ҷамъоваришуда ва дар ҷояш бартараф намудани камбудиҳо мебошад, то ин ки нафарони эҳтиёҷманду таҳти авф қароргиранда муайян ва тавонанд шаҳрвандиро ба даст оранд.

Ба иттилои масъулин, корбарӣ дар ин самт имкон додааст, ки чандин нафар мавқеи шаҳрвандии худро муайян ва барои ба даст овардани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хадамотҳои шиносномадиҳӣ муроҷиат намоянд.

Сипас, сардори шуъбача оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳои ХШБ подполковники милитсия Саид Давлатзода дар мавзуи «Кӯшишҳо ва иқдомҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар роҳи ҳалли коҳиш додани бешаҳрвандӣ дар Тоҷикистон», сардори Бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ полковники милитсия Шаҳло Шерзода дар мавзуи «Тарзи корбарии дуруст бо махзани Низоми автоматикунонидашудаи иттилоотии БСМ», мутахассис-барномасози ХШБ Бахтиёр Деҳқонов тариқи слайд дар мавзуи «Корбарӣ бо Низоми иттилоотии «Шиносномадиҳӣ ва бақайдгирӣ»», сардори Шуъбаи кор бо ҳайати шахсии ХШБ подполковники милитсия Сураё Шамсуддинзода дар мавзуи «Таклифу пешниҳодҳо барои такмил додани Дастурамали муштараки тартиби татбиқи Қоидаҳои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон», сардори Шуъбаи молиявию иқтисодии ХШБ полковники милитсия Раҳим Раҳматзода дар мавзуи «Тартиби пардохти ғайринақдии маблағҳои хизматрасониҳои соҳа» маъруза намуданд

Гуфта шуд, ки роҳбарияти ХШБ баҳри баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, бештар огоҳӣ пайдо намудан аз рафти иҷрои қонуну қарорҳои амалкунандаи кишвар, инчунин мавриди омӯзиш қарор додани онҳо бо дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи хадамоти мазкур пайваста барои кормандони бахшҳои шиносномавию бақайдгирӣ ва ҳайати шахсии ин ниҳод семинар-машваратҳои омӯзишӣ доир менамояд. Ҳамин  тариқ, кормандон имконият пайдо менамоянд, аз таҷрибаи якдигар бархӯрдор гашта, баҳри такмилу пешрафти санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти соҳа, аз ҷумла самти шиносномаи миллӣ, бақайдгирии шаҳрвандон ва дигар паҳлӯҳо маълумоти иловагӣ пайдо намоянд. Ин ҷамъомади судманд дар самти масъалаҳои пешгирӣ ва кам кардани ҳолати бешаҳрвандӣ, ки яке аз мушкилоти глобалӣ ба шумор меравад, мусоидат менамояд.

Дар рафти баррасии ҳар як мавзуъ байни баромадкунандагону иштирокчиён саволу ҷавоб сурат гирифта, баҳри боз ҳам тақвият бахшидан ба самти фаъолият ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби мутахассисони соҳа таклифу пешниҳодҳо ироа гардиданд.

Дар фарҷоми семинар-машварати омӯзишӣ иштироккунандагон ташкил ва баргузории чунин чорабиниҳои омӯзиширо қобили қабул дониста, иброз доштанд, ки мавзуъҳои матраҳгардида дар баланд гардидани дониши назариявӣ ва хубтару беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти хизматиашон мусоидат менамояд.

Наврӯз ҶОБИРОВ