
Аз санаи 24 то 28 марти соли 2025 муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Раҷабзода Б.Ш. дар ҳайати гурўҳи корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насредин Исматулло ба Ҷумҳурии Молдова сафари хизматии омӯзишӣ анҷом дода, дар мулоқотҳо бо намояндагони Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Молдова, Вазорати корҳои дохилӣ, Бозрасии генералии муҳоҷират, Вазорати тандурустӣ, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, Агентии миллии шуғли аҳолӣ, Вазорати маориф, аҳли ҷамоатчигии шаҳри Белтс, Агентии муносибатҳои байни миллатҳо, Бюрои миллии омор, Вазорати рушди иқтисод ва рақамисозӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Бюрои давлатии равобит бо диаспораҳо ва Намояндагии Комиссариати олии СММ оид ба гурезаҳо дар Молдова, ки ба самтҳои интегратсияи хориҷиён (гурезаҳо), ҳалли мушкилот ба таври инноватсионӣ ва ҳамкорӣ бо диаспораҳо бахшида шуда буд, иштирок намуд.
Дар мулоқотҳо муаррифии барномаи Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират дар Молдова оид ба раванди муҳоҷират шунида шуд. Ҳамчунин, иштирокчиён аз таҷрибаи СБМ оид ба кор дар самти муҳоҷират, масъалаи гурезаҳо, муҳоҷирати мутахассисони баландпоя, сармоягузорӣ аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ барои пешрафти соҳаҳои гуногуни Молдова шинос гардиданд.
Дар мизи мудаввар теъдоди зиёди созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар ташкили қабули гурезаҳо, ҷойгиркунӣ, ҳамгироӣ, расонидани кумакҳои иҷтимоӣ, тиббӣ, таълимӣ ва ғайраҳо саҳми калон расонидаанд, иштирок ва аз таҷрибаашон маълумот дода, ба саволҳои гузошташуда ҷавобҳои мушаххас манзур намуданд.
Дар ин сафар мулоқотҳои ҷониби Тоҷикистон бо намояндагони Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Молдова, Вазорати корҳои дохилӣ, Бозрасии генералии муҳоҷират, Вазорати тандурустӣ, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, Агентии миллии шуғли аҳолӣ, Вазорати маориф, аҳли ҷамоатчигии шаҳри Белтс, Раёсати муҳоҷирати шаҳри Белтс, роҳбарони ташкилотҳои ғайридавлатии шаҳри Белтс, Агентии муносибатҳои байни миллатҳо, Бюрои миллии омор, Вазорати рушди иқтисод ва рақамисозӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Бюрои давлатии равобит бо диаспораҳо ва Намояндагии Комиссариати олии СММ оид ба гурезаҳо дар Молдова ба самтҳои интегратсияи хориҷиён (гурезаҳо), ҳалли мушкилот ба таври инноватсионӣ, ҳамкорӣ бо диаспораҳо ва дигар масъалаҳои муҳоҷират бахшида шуда буд.
Сафари корӣ ба Молдова аз ҷониби Созмони байналмилалии муҳоҷират ташкил карда шуд.