
Масъулини хадамоти шиносномавию бакайдгирии Шуъбаи 2 ВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров баҳри саривақт таъмин намудани хонандагон бо шиноснома чораҳои зарурӣ андешида ташкили корҳои фаҳмонидадиҳӣ ва чорабиниҳои ботантанаи шиносномасупориро дар ин самт омили таъминкунандаи фаъолияти нақшавӣ медонанд. Ин навбат бо иштироки намояндаи ХШБ Раёсати ВКД дар вилояти Суғд подполковники милитсия Абдумалик Раҳимов дар муассисаи таълимии Мактаб барои хонандагони болаёқат воқеъ дар ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳия чорабинии шиносномасупорӣ ба хонандагон ташкил ва дар фазои ботантана 40 нафар хонандаи синфҳои болоӣ бори аввал ҳуҷҷати асосии тасдиқкунандаи шахсият гирифтанд. Пеш аз супоридани шиноснома маълумот оиди қоидаҳои шиносномадориро ба хонандагон фаҳмониданд.
Чунин чорабиниҳо ҳарчанд масъулияти иловагии кормандони хадамоти шиносномавию бакайдгири бошад ҳам, тақвият додани он имкон фароҳам меорад, ки наврасон оиди низоми шиносномавию бақайдгирӣ маълумоти лозима гирифта маърифати ҳуқуқиашон баланд бардошта шавад.
Тавре масъулин иброз доштанд бо тамоми мактабҳои ҳудудуди хизматӣ ҳамкорӣ ба роҳ монда шуда марҳила бо марҳила хонандагони ба синни 16 солагӣ расида бо шиноснома таъмин карда мешаванд.
Ҳамингуна иқдоми созанда ва рӯҳбаландкунандаи шиносномасупории ботантанаро нозирони ХШБ Шуъбаи 1 ВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров низ дар МТМУ №14 ноҳия гузарониданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар ХШБ Шуъбаи 1 ВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров имрӯзҳо таваҷҷуҳи асосӣ ба он нигаронида шудааст, ки хонандагони ба синни шиносномагири расида хосатон хатмкунандаҳо саривақт ба шиноснома таъмин карда шаванд. То ин ки баҳри хуҷҷат супоридан ба марказии миллии тестӣ ва соҳибкасб шудани наврасон монеъа пеш наояд.
Дар чорабиние, ки дар МТМУ №14 баргузор гашт асосан хатмкунандагон ва хонандаҳои синфҳои болоӣ иштирок доштанд. Хонандагон вобаста ба раванди барасмиятдарории шиноснома маълумоти зарурӣ гирифтанд. Дар идома 8 нафар хонанда дар вазъияти тантанавӣ шиносномаи худро ба даст гирифт. Дар вазъияти тантанавӣ ва бори аввал ба даст гирифтани ҳуҷҷати асосии тасдиқкунандаи шахсият ва шаҳрвандӣ хонандагонро руҳбаланд намуд.
Зимни суҳбати озод кормандони милитсия дар баробари низоми шиносномадорӣ оид ба вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир, барномаҳои давлатӣ вобаста ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон, пешгири аз кирдорҳои зидиҳуқуқӣ ва дастуру супоришҳои дар Паём ироагардидаи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонандагон маълумот дода онҳоро ба иҷрои амалҳои фоиданоки ҷамъиятӣ даъват намуданд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия