
Кормандони ХШБ ШВКД дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон дар доираи ҳамкориҳо бо шуъбаи маорифи ноҳия мунтазам дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ чорабиниҳои таблиғотӣ доир намуда, ҳамзамон ба хонандагони синфҳои болоӣ дар фазои тантанавӣ шиносномаи шаҳрвандӣ месупоранд.
Чунин як чорабинии навбатӣ дар МТМУ №1 ноҳия баргузор карда шуд. Дар натиҷаи корбарӣ ва хизматрасонии дастрас аз 75 нафар хонандагони синфҳои 11, ки имсол барои ҳуҷҷатсупорӣ ба Маркази тестӣ омодагӣ мебинанд, аз ҷониби нозири калони ХШБ ШВКД дар ноҳияи Ш.Шоҳин майори милитсия Ҷурахонзода Раҷабалӣ Шералӣ ба 53 нафари онҳо дар ҳузури директори мактаб Бобоев Далер ва роҳбарони синфҳои болоӣ дар вазъияти тантанавӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият супорида шуд.
Маросими ботантанаи шиносномасупорӣ ва табрикоти намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ хонандагонро рӯҳбаланд сохт. Баргузории чунин чорабиниҳои ватандўстона дар дигар мактабҳои ноҳия идома дода мешавад.
Х.Солиҳӣ