Шиносномасупории ботантана ба хонандагони МТМУ №50 ноҳияи Б.Ғафуров

 

Кормандони ХШБ Шуъбаи 1 ВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров дар самти фароҳам овардани шароити дастраси хизматрасонӣ ба хонандагони мактаб ҷиҳати саривақт гирифтани шиноснома корбари намуда талаботи қонунгузориро таъмин намуда истодаанд. Ҳамин аст, ки дар тамоми мактабҳои минтақаи хизматии хадамоти мазкур  хонандагон огаҳи доранд, ки бо расидан ба синни 16 солагӣ шаҳрванд бояд шиноснома дошта бошад. Ташкили маросими шиносномасупории ботантана ин навбат дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50 ба номи Мавҷуда Абдувалиева воқеъ дар ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳия баргузор карда шуд. Як зумра хонандагон, ки қаблан ба таври гуруҳӣ бо роҳбаладии омӯзгор ба хадамоти шиносномадиҳӣ ҳуҷҷат супорида буданд, дар ҳузури ҳамсолонашон шиносма гирифтанд.

Бори аввал гирифтани шиноснома, фазои тантанавӣ ва руҳияи хурсандибахши хонандагон аз он гувоҳи медод, ки чорабинӣ мақсаднок ташкил шудааст. Зеро мансубияти шаҳрвандӣ ба давлати соҳибистиқлол ифтихори ватандориро баланд месозад.

Ёдовар мешавем, ки ташкили чорабиниҳои тантанавии шиносномасупорӣ ба хонандагон талаботи муқарарнамудаи роҳбарияти ХШБ ВКД буда, иҷрои талаботи мазкурро зерсохторҳои минтақавӣ бояд таъмин намоянд ва дар ин самт масъулин ҳисобот медиҳанд.

Дар рафти чорабиниҳо кормандони хадамоти шиносномадиҳӣ пеш аз ҳама вобаста ба тартибу низом ва қоидаҳои шиносномадорӣ ба хонандагон маълумот медиҳанд. Ин усули корбариро метавон ҳамчун омили таъсиррасонанда ба маърифати ҳуқуқӣ дар самти шиносномадорӣ унвон кард.

Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия