
Ҳамасола, рўзи 23-юми феврал ҳамчун рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Вобаста ба ин дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ чорабинии маърифатӣ доир карда шуд.
Дар ҷамъомад, сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ полковники милитсия Мирзозода Ҷомӣ Ҷамахон ҳамаи ҳайати шахсиро бо ин ҷашн табрику муборакбод намуда, зикр кард, ки ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла кормандони мақомоти корҳои дохилӣ пеш аз ҳама ҳимоятгари Ватан мебошанд. Роҳбарият ва ҳайати шахсии хадамот дар ин самт бояд дар тарбияи насли наврас ва ҷавонони кишвар дар рўҳияи садоқат ба Ватан, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ҳамеша саҳмгузор бошанд.
Сипас, оид ба таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ полковники милитсия Раҷабзода Боймаҳмад Шариф суханронӣ намуд.
Қайд карда шуд, ки Артиши миллии Тоҷикистон замоне таъсис дода шуд, ки раванди тезутундшавии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳолати ноором қарор дошт ва низомиёни касбӣ ҳам дар кишвар кам буданд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи ҳарбию сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне ташкили Артиши миллии мо аз сифр шурӯъ шуд.
Санаи 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд.
Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Дар марҳилаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ фазои орому осудаи Ватан ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеа аз сатҳи масъулиятшиносӣ ва садоқати низомиён аз сарбози қаторӣ то афсари олирутба вобаста мебошад.
Муҳимтар аз ҳама боиси ифтихору сарфарозист, ки сокинони кишвар имрўз дар фазои дӯстиву рафоқат ва суботу оромӣ ҳаёт ба сар бурда, дар пешрафту шукуфоӣ ва ободии Ватан саҳми арзанда мегузоранд ва дастовардҳои назарраси давлату миллатро дар сиёсату иқтисодиёт, фарҳангу маданият ва илму фарҳанг ботантана таҷлил менамоянд.
Зимни табрикот қайд гардид, ки Артиши миллии кишвар таҳти роҳнамоиву ҳидоят ва дастгирии муҳтарам Пешвои муаззами миллат, дар татбиқи сиёсати сулҳҷӯёнаи Сарфармондеҳи олии худ, пос доштани рисолати ҳомии Ватан, таъмини сулҳу субот, ҳифзи мулки аҷдодӣ ва шарафу номуси миллати тоҷик, доимо омода хоҳад буд.