Рўзҳои 14-15 январи соли 2025 сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Мирзозода Ҷомӣ Ҷамахон зимни сафари хизматӣ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон, ба хадамотҳои шиносомавию бақайдгирии ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Кушониён, Вахш, Ҷ.Балхӣ, Дўстӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритуз, Ёвон, Хуросон, А.Ҷомӣ ташриф оварда, бо шароитҳои корӣ, сатҳи хизматрасониҳои соҳавӣ ба шаҳрвандон, рафти иҷрои вазифаҳои хизматӣ шинос гардид.
Сардори хадамот зимни боздид аз ин воҳидҳои поёнӣ ба сардорон ва кормандони масъули хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамроро доир ба беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолияти корӣ, хушмуомилагӣ бо шаҳрвандон, хизмати содиқонаю софдилона ба халқу Ватан расонида, оид ба гузаштан ба пардохти ғайринақдии хизматрасониҳои давлатӣ, тозагии ҳуҷраҳои корӣ ва атрофи биноҳои маъмурӣ, сари вақт баррасӣ намудани муроҷиати шаҳрвандон, тарзи дурусти кори ҳуҷҷатгузорӣ, риояи ҳатмии талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавиро аз онҳо талаб намуд.
Ҳамзамон, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ ба масъулини воҳидҳо дастуру супоришҳои иловагӣ дода шуд.
Х. Солиҳӣ