Масъулини ХШБ шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ашт низ дар ҳамкори бо шуъбаи маорифи ноҳия дар 74 муассисаҳои миёнаи таълимии ҳудуди ноҳия мунтазам чорабиниҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида талаботи шиносномадорӣ ва саривақт гирифтани шиносномаро ба хонандагон меомӯзонанд. Чунин маълумотнокӣ мусоидат менамояд, ки дар баробари ба синни шиносномагири расидан хонандагон талоши соҳибҳуҷҷатшуданро намоянд.
Ташкили чорабиниҳои ботантанаи шиносномасупорӣ ба хонандагон ҷузъӣ фаъолияти нақшавӣ дар ин самт мебошад.
Масалан ҳамингуна чорабинии тантанавӣ дар МТМУ №5 ноҳия бо иштироки намояндаи ХШБ дастгоҳи марказии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд баргузор гашт. Мактаби мазкур дар ҷамоати деҳоти Меҳробод воқеъ гардида аз маркази ноҳия дар масофаи дуртар ҷойгир шудааст. Дар чорабинӣ 11 нафар хонанда дар вазъияти тантанавӣ шиносномаи худро дар ҳузури ҳамсолонашон ба даст гирифтанд. Пеш аз супоридани шиноснома сардори ХШБ подполковники милитсия Сироҷиддин Усмонзода ба хонандагон муқарароти қонунгузорӣ дар самти шиносномадорӣ, аз ҷумла таҳияи ҳуҷҷатҳо барои бори аввал гирифтани шиноснома, ҷавобгарӣ ҷиҳати аз муҳлати синну соли гузаронидан, гум кардани шиносномаи шаҳрвандӣ ва дигар расмиёт вобаста ба низоми шиносномадориро фаҳмонид.
Маросими ботантанаи шиносномасупорӣ ва табрикоти намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ хонандагонро рӯҳбаланд намуд.
Ёдовар мешавем, ки ташкили чорабиниҳои тантанавии шиносномасупорӣ ба хонандагон талаботи муқарарнамудаи роҳбарияти ХШБ ВКД буда, иҷрои талаботи мазкурро зерсохторҳои минтақавӣ бояд таъмин намоянд ва дар ин самт масъулин ҳисобот медиҳанд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия