22 Декабрь, 2024

Баррасӣ гардидани роҳҳои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ

 

3-юми декабри соли 2024 тариқи видеоконфронс  ҷаласаи 27-уми Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ доир гардид, ки дар кори он намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳуриҳои Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ширкат доштанд.

Аз ҷониби Тоҷикистон муовини вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Насимзода Акбар Ғиёс ва роҳбарони дигар ниҳодҳои дахлдори вазорат, аз ҷумла аз Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ иштирок намуданд.

 

Дар ҷараёни ҷаласа оид ба чораҳои андешидаи ниҳодҳои марбутаи давлатҳои аъзои СААД оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ табодули афкор сурат гирифт.