19 Апрел, 2025

Ҷаласаи 24-уми Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти салоҳиятдор дар мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунии давлатҳо-аъзои СААД

    24 августи соли 2021 дар бинои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти салоҳиятдор дар мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид.

   Дар ҷаласа ҳайатҳои ҳама давлатҳо-аъзоёни СААД ва Муовини Қотиби генералии СААД иштирок кардаанд:

     Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайат аз инҳо иборат буд:

     Азоъи Шӯрои роҳбарони мақомоти салоҳиятдор дар мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунии давлатҳо-аъзои СААД, муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Ҳамидзода Баротали Партов;

     Сардори хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД, полковники милитсия Халилзода Ҳусейн Собир;

  Муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД, полковники милитсия Абдуллозода Зумрад;

    Сардори шуъбаи оид ба масъалаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезагони ХШБ ВКД ҶТ, полковники милитсия Мирзозода Ҷомӣ Ҷамъахон.

     Рӯзномаи ҷаласа аз 7 масъала иборат буд:

  1. Вазъи муҳоҷиратӣ дар давлатҳо аъзоёни СААД

  Натиҷаҳои амалиёти минтақавӣ таҳти номи шартии “Нелегалғ2021”

Таҷрибаи давлатҳо дар батанзим даровардани равандҳои муҳоҷират дар даври пандемияи COVID-19

       2.Дар бораи вазъи қунунии вобаста ба эҳтимолияти воридшавии оммавӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

      Ташкили корҳо дар ин самт.

      Пешгӯии  тамоюлҳо дар ҳудуди давлатҳо аъзоёни СААД.

  1. Дар бораи ҷораҳо оид ба воридшавии оммавии шахсони паноҳҷӯянда аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон
  2. Дар бораи тағйиротҳо ба қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия.
  3. Дар бораи таъин намудани муовини Қотиби Шурои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти салоҳиятдор дар мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунии давлатҳо-аъзои СААД.
  4. Дар бораи пешниҳодҳо ба Нақшаи Шӯрои роҳбарони мақомоти салоҳиятдор дар мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунии давлатҳо-аъзои СААД барои соли 2022
  5. Дар бораи макон ва санаи гузаронидани ҷаласаи навбатии Шӯро.

    Раискунандаи ҷаласа, Қотиби Шӯро, Сардори Сарраёсати вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба масъалаҳои муҳоҷират, генерал-лейтенанти политсия Казакова Валентина Львовна буд.

Муовини вазири корҳои дохили, Ҳамидзода Б.П. бо суҳани ифтитоҳӣ ба иштирокчиён муроҷиат кард.

           Оид ба масъалаи якум Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД, полковники милитсия Халилзода Ҳ.С. баромад намудаанд.

           Оид ба масъалаҳои дувум ва сеюм бо презентатсия муовини сардори ХШБ ВКД, полковники милитсия Абдуллозода З. баромад кард.

           Аз натиҷаҳои маҷлис Протокол ба имзо расонида шуд.

           Ҳамкориҳо дар самтҳои мухталиф идома дорад.