06 Октябрь, 2026

Дарси хизматӣ: Дастовардҳо дар 35 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Бахшида ба таҷлили ҷашни «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» санаи 27-уми августи соли 2026 дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дарси хизматӣ дар мавзўи «35-соли дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир карда шуд.

Дарси хизматӣ бо хондани Суруди миллӣ оғоз гардида, кормандон аз асари «Шоҳнома»-и Абдулқосим Фирдавсӣ порчаҳои шеърӣ хонданд.

Сипас дар мавзўи зикргардида ёрдамчии сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Самеъзода Бахтиёр Салим дар назди ҳозирин баромад намуд.

Зикр карда шуд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат арзиши бузурги сиёсӣ, таърихӣ ва маънавӣ ба шумор меравад. Барои мардуми тоҷик соҳиб шудан ба истиқлолият оғози марҳилаи нави давлатдорӣ ва имконияти мустақилона муайян намудани роҳи рушди кишвар гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро эълон намуда, ба марҳилаи нави таърихи сиёсӣ ворид шуд.

Муҳимтарин дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ таъмини ҷойгоҳи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ, ташаккули модели сиёсӣ, зерсохторҳои миллӣ, барқарор намудани сулҳу ваҳдади миллӣ, тамомияти арзии Тоҷикистон дониста мешаванд.

Дар давоми сию панҷ сол ин рӯйдоди таърихӣ ба пояи асосии ташаккули низоми давлатдорӣ, таҳкими худшиносии миллӣ, рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ табдил ёфт. Истиқлолият ба Тоҷикистон имкон дод, ки ҳамчун давлати соҳибихтиёр мавқеи худро дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ муайян намуда, манфиатҳои миллии худро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳимоя кунад.

Дар давраи истиқлолият иқтисоди миллӣ низ марҳилаҳои гуногуни ислоҳот ва рушди худро аз сар гузаронд. Гузариш аз иқтисодиёти марказонидашуда ба муносибатҳои бозорӣ кори осон набуд. Барои ташаккули соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ, ҷалби сармоя ва беҳтар намудани муҳити иқтисодӣ як қатор ислоҳот амалӣ гардиданд. Таъсиси низоми миллии молиявӣ, рушди низоми бонкӣ, татбиқи барномаҳои давлатии иқтисодӣ ва беҳтар гардидани инфрасохтор барои устувории иқтисоди миллӣ аҳамияти калон доштанд. Иқтисоди Тоҷикистон тадриҷан ба шакли нав мутобиқ шуда, соҳаҳои истеҳсолӣ, хизматрасонӣ, кишоварзӣ, сохтмон ва савдо рушд карданд.

Чорабинӣ дар сатҳи баланд доир гашта, ҳайати шахсии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ аз он таасуроти хуб бардоштанд.

Х. Солиҳӣ