06 Октябрь, 2026

СЕМИНАР-МАШВАРАТ: «Коҳиш додани бешаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

 

Дар меҳмонхонаи “Румӣ”-и шаҳри Душанбе семинари омўзишӣ бо иштироки кормандони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва намояндагони ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ» дар мавзуи «Коҳиш додани бешаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид.

Нахуст, муовини сардори ХШБ ВКД полковники милитсия Нуралӣ Сафарзода ҳозиринро ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ муборакбод гуфта, доир ба дастовардҳои соҳа дар даврони соҳибистиқлолӣ ибрози андеша намуд.

Сипас, номбурда дар мавзуи «Пешгирӣ ва коҳиш додани бешаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ронда, зикр сохт, ки ҳолатҳои нигаронкунанда оид ба пешгирӣ ва ё кам намудани бешаҳрвандӣ дар якчанд санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон мустаҳкам карда шудаанд. Аз ҷумла, дар паймонҳои байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ масъалаи бешаҳрвандӣ аз нуқтаи назари таъмини бақайдгирии ҳатмии ҳар як кўдак баъд аз таваллуд шудан, ки ба ў ҳуқуқи қабул намудани шаҳрвандиро медиҳад, баррасӣ карда мешавад.

Нуралӣ Сафарзода гуфт, ки раванди амалигардонии Низоми иттилоотии «Шиносномадиҳӣ ва бақайдгирӣ», махзани Низоми автоматикунонидашудаи иттилоотии Бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ, гузаштан ба пардохти ғайринақдии маблағҳои хизматрасониҳои соҳа, ки аз амру фармонҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои рақамикунонии соҳаҳо ва ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ бармеоянд, аз масъалаи муҳими чорабинии мазкур ба ҳисоб мераванд.

Дар охири суханрониаш илова намуд, ки кормандон имкон доранд аз таҷрибаи якдигар бархўрдор гашта, баҳри такмилу пешрафти санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти соҳа, аз ҷумла самти шиносномаи миллӣ, бақайдгирии шаҳрвандон ва дигар паҳлуҳо саҳми худро гузоранд.

Ҳамзамон, дар семинар-машварат роҳбари идораи миллии РКОГ СММ дар Тоҷикистон Хисрав Холов дар мавзуи «Барҳам додани бешаҳрвандӣ дар Осиёи Марказӣ: дастовардҳои минтақавӣ, таҷрибаҳои беҳтарин ва самтҳои афзалиятнок барои оянда» ибрози андеша намуд.

Сипас, сарвари иҷроияи Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ» Смолякова Е.Д. дар мавзуи “Муҳокимаи лоиҳаҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандӣ» ва «Қоидаҳои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, будубош, баромадани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаштани транзитии онҳо тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №207 аз 31 марти соли 2020 тасдиқ шудааст”, маърўза намуд.

Дар навбати худ, сардори шуъбача оид ба масъалаҳои шаҳрвандии ШШ ва КГ ХШБ подполковники милитсия С. Давлатзода дар бораи муқар­рароти умумии Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи шаҳрвандӣ» андешаронӣ кард.

Ҳамин тавр, иштирокчиёни дигар дар мавзуъҳои «Тарзи корбарии дуруст бо махзани Низоми автоматикунонидашудаи иттилоотии БСМ, баррасии мушкилоти ҷойдошта», «Тартиби пардохти ғайринақдии маблағҳои хизматрасониҳои соҳа», «Талаботҳои охири роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар самтҳои корӣ» ва “Мушкилиҳо ҳангоми кор бо махзани протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ” баромад намуданд.

Хотимабахши семинар-машварат ин суолу ҷавоб буд, ки иштирокчиён тавонистанд ба суолҳои худ вобаста ба самтҳои матраҳгардида посухҳои мушаххас гиранд.

Р. ИЛЁСЗОДА