06 Октябрь, 2026

Тақдими ботантанаи шиноснома ба бошандагони хона-интернати Турсунзода

 

Таҳти сиёсати хирадмандонаву созанда ва инсонпрваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро пайваста дар фарорасии ҳама гуна ҷашнвораҳо нисбати пиронсолон ва маъюбон ва дигар шахсони эҳтиёҷманд ғамхорӣ зоҳир намуда, дасти ёрӣ расонида мешавад.

Ин навбат дар арафаи ҷашни умумимиллӣ – 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ тибқи дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо иштироки сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД полковники милитсия Ҷомӣ Мирзозода, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ Сафарзода Абдулло ва кормандони ХШБ ШВКД дар шаҳри Турсунзода дар Муассисаи давлатии хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода чорабинии ба таври тантанавӣ тақдим намудани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар оғози чорабинӣ сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД полковники милитсия Ҷомӣ Мирзозода ва директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ Сафарзода Абдулло бо пиронсолону маъюбони дидорбинӣ намуда, онҳоро аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати тандурустӣ бо фарорасии Истиқлолияти давлатӣ табрику муборакбод гуфта, барояшон тани сиҳату вақти хўш, пойдории давлати соҳибистиқлоламон ва оромиву осоиштагии ҷомеаро таманно намуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар идомаи чорабинӣ директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ Сафарзода Абдулло ҳозиринро бо 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, кайд кард, ки Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар яки мо тоҷику тоҷикистониён нангу номўс ва Ватандорист. Гарчанде аввалин солҳои соҳибистиқлолӣ барои миллати мо осон набуд, аммо бо шарофати фарзанди фарзонаи миллат, сиёсати хирадмандонаву созандаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияти давлатии мо пойбарҷо ва устувору қавӣ гардид. Мавсуф дар идомаи суханронии хеш аз рушду пешрафти Ватани азизамон, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, инчунин ташаббусҳои ҷаҳонии Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда гузашт.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар рафти дидорбинӣ сардори ХШБ ВКД полковники милитсия Ҷомӣ Мирзозода ба пиронсолону маъюбоне, ки қаблан шиноснома надоштанд ё муҳлати амалашон гузашта буд, дар ҳузури масъулин ва иштирокчиёни ин чорабинӣ бо шиносномаи шаҳрвандии омодашуда ва тўҳфаҳои хотиравӣ тантанавор тақдим намуд.

Бояд қайд кард, ки дар чорабинии мазкур аз ҷониби роҳбарияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ ба 68 нафар пиронсолону маъюбон ва бошандагони Муассисаи давлатии хонаинтернати пиронсолону маъюбон шиноснома ва ба 200 нафар тўҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дар интиҳои чорабинӣ бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати тандурустӣ ба бошандагони хонаинтернати мазкур барномаи фарҳангӣ ва дастурхони идона ороста шуд.