05 Сентябрь, 2026

Иқдоми наҷиби Президенти мамлакат

 

Дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ 24-уми июли соли 2026 доир ба ташаббуси глобалии пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҷамъомад доир карда шуд.

Қабл аз баромади асосӣ роҳбарият ва ҳайати шахсии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ҷамоъомадро бо хондани Суруди миллӣ оғоз намуда, кормандони алоҳида аз достонҳои безаволи «Шоҳнома»-и Абдулқосим Фирдавсӣ мисраъҳои шеърӣ хонданд.

Дар идомаи ҳамоиш дар атрофи мавзўи қабули Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид матраҳшуда ёрдамчии сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Самеъзода Бахтиёр Салим дар назди ҳозирин баромад ва суханронӣ намуд.

Зикр карда шуд, ки  қабули ин ҳуҷҷати муҳим аз нигоҳи сиёсӣ бозгӯи сатҳи баланди эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, натиҷаи татбиқи пайгиронаи сиёсати хориҷии муваффақ, сулҳҷӯёна ва созандаи давлат арзёбӣ мегардад. Имрӯз таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун яке аз намунаҳои муваффақи сулҳофарӣ ва оштии миллӣ беназир аст.

Ҳадафи асосии Қатъномаи мазкур ташаккули заминаҳои устувори сулҳ дар сатҳи ҷаҳонӣ, пешгирии низоъҳо ва ташвиқи мусолиҳа мебошад.

Нақши Пешвои миллат дар пешниҳод, муаррифӣ ва пешбурди ин ташаббуси байналмилалӣ арзиши калидӣ дошта, маҳз сиёсати хирадмандона ва эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон замина фароҳам овард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ин пешниҳоди дастгирӣ намояд. Татбиқи муваффақонаи ҳадафҳои «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» метавонад ба таҳкими сулҳу субот дар байни кишварҳои олам мусоидат намояд.

Чорабинӣ дар сатҳи баланд доир гашта, ҳайати шахсии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ аз он таасуроти хуб бардоштанд.

Х. Солиҳӣ