16 Август, 2026

Омўзиши мероси илмию адабии Абуалӣ ибни Сино

 

10-уми июли соли 2026 ҷиҳати омўзиши ҳаёту фаъолият ва мероси илмию адабии табиби бузург, файласуф, адиб ва мутафаккири барҷастаи халқи форсу тоҷик Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино мутахассиси соҳа, ходими калони Маркази синошиносии Академияи миллии илмии Тоҷикистон Муҳаммадсалом Махшулов барои гузаронидани як вохўрии хотирмон ва дарси хизматӣ даъват карда шуд.

Сардори ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Мирзозода Ҷоми Ҷамахон устодро барои ташрифашон ба Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ арзи сипос гуфта, дарси имрўзаро ҳамчун арҷгузорӣ ба мероси илмию адабии Абуалӣ ибни Сино дониста, изҳори умед кард, ки ҳайати шахсии хадамот аз дарси имрўза оид ба фаъолияти нобиғаи бузург Абуалӣ ибни Сино ба худ ғизои маънавӣ мегиранд.

Муҳаммадсалом Махшулов зимни баромади хеш дар атрофи ҳаёту фаъолият ва мероси илмию адабии Абуалӣ ибни Сино дар асоси маводҳои илмию адабӣ ибрози андеша намуд.

Мавсуф қайд кард, ки Ибни Сино дар деҳае ба номи Афшана, ки дар наздикиҳои Бухоро ҷойгир буд, таваллуд шудааст. Забони арабиро, ки дар он замон чун забони робитаи илмиву динӣ маҳсуб мешуд, аз худ карда, дар сини 10 солагӣ Қуръонро ба пуррагӣ аз бар намудааст.

Исми пурраи ӯ – Абӯ Алӣ Ҳусайн ибни Абдулло ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино мебошад.

Дар 16-17 солагӣ Ибни Сино аллакай чун табиби ҳозиқ шинохта шуда буд. Баъдан ӯ ба дарбори шоҳ даъват гардида, пас аз табобати шоҳ, иҷозаи такмили дониш ва дастрасӣ ба бузургтарин китобхонаи дарборро пайдо намуд. Бисёре аз шоҳигариҳои давр талош мекарданд, ки ин табиб ва олими муъҷизакорро ба дарбори хеш даъват намуда, бо ҳар васила пеши худ нигоҳ доранд.

Китоби фалсафии «Таҳқиқи қувваи равони»-ро Ибни Сино дар синни 17 солагӣ таълиф намуда, китоби «Ал-маҷмуъ»-ро, ки маҷмуи андешаҳои балоғату фасоҳат, шеър ва дигар илмҳоро дар бар мегирад, дар 21 солагӣ эҷод кардааст.

Дар соли 1005 Ибни Сино ба Хоразм кӯч мекунад, ки он ҷо бо риёзидон ва нуҷумшиноси маъруф Ал-Берунӣ ва дигар аз олимони давр ошно мешавад. Ҳамин ҷо ӯ узви маҳфили фарҳангии машҳур ба исми Маъмуна мегардад, ки баъдан барои шиносоӣ пайдо намуданаш бо дигар олимони давр мусоидат мекунад. Пас аз 7 сол ӯ ба Ҷурҷон, сипас ба Хуросону Эрон сафар менамояд. Таълифи китоби бисёрҷилдаи «Қонун», ки ба илми тиб бахшида шудааст, дар Ҷурҷон сарчашма мегирад. Дар Ҳамадон Ибни Сино ба ҳайси вазир интихоб мешавад, аммо бо туҳмате чанд сол зиндонӣ мегардад. Ҳамон ҷо низ ӯ чанд китоб таълиф мекунад. Аз соли 1024 Ибни Сино ба Исфаҳон омада, он ҷо муқимӣ мешавад. Бино ба гузоришҳои таърихӣ, ҳокими давр Алоуддин тамоми васоилро барои эҷоди корҳои илмӣ барояш замина месозад. Аммо Ибни Сино солҳои охири умрашро дар Ҳамадон мегузаронад ва 24 июни соли 1037 ҳамин ҷо аз олам мегузарад.

Осори Ибни Сино натанҳо дар илму адаби Шарқ, балки дар Ғарб низ мавқеи муҳиме касб кардаанд. Мушоҳидаҳо ва пешбиниҳои ӯ дар бораи сабабҳои заминҷунбӣ, оид ба сар задани вулқон, оқибати метеоритҳо ва зинда мондани бархе аз ҳайвоноти қадим дар қишри замин ба бахшҳои муртабити илми табиатшиносӣ дохил гардидаанд.

Дар таърихи адабиёти форсу тоҷик Ибни Сино ҳамчун шоири ориф низ эътироф гашта, муҳимтарин қисмати осори адабии ӯро шеърҳо ташкил медиҳанд. Қасида ва ғазалҳои шоир тасаввуфӣ ва ахлоқианд. Вале рубоиҳои Сино шоирона садо дода, роҷеъ ба масоили иҷтимоӣ ва ахлоқӣ эҷод шудаанд.

Дар охири ҷамъомад байни иштирокчиён ва ходими илмӣ Муҳаммадсалом Махшулов саволу ҷавоб сурат гирифта, ҳайати шахсӣ аз ин вохўрӣ таасуроти хубе бардоштанд.

Х. Солиҳӣ