Шерализода Аббос Шералӣ корманди таҷрибадори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ шурўъ аз вазифаҳои ҳайати қаторӣ то ҳайати калони роҳбарикунанда бо ҳисоби тақвимӣ беш аз 30 сол бе танаффус фаъолият намудааст.
Номбурда, тайи ин солҳо дар баробари иҷрои уҳдадориҳои вазифавии худ, ҳамзамон дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва пешгирии ҷинояткорӣ саҳми бевоситаи худро гузоштааст.

Бо фармоиши вазири корҳои дохилӣ майори милитсия Шерализода Аббос Шералӣ аз вазифаи охирини ишғолнамудааш – муовини сардори Бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳии ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақа озод карда шуда, ҳамзамон дар асоси ҳамин фармоиш тибқи Низомномаи адои хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ ў бо рутбаи «подполковники милитсия» сарфароз гардонида шуд.

Собиқадори соҳаро сардори ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Мирзозода Ҷоми Ҷамахон бо рутбаи навбатии махсус ва баромадан ба нафақаи сазовору арзанда аз номи роҳбарият ва ҳайати шахсии хадамот табрику таҳният гуфта, ба ў туҳфаи хотиравӣ тақдим намуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки минбаъд низ Аббос Шерализода ҳамчун собиқадори соҳа дар пешрафти фаъолияти хадамот ва тарбияву роҳнамоии кормандони ҷавон бо истифода аз таҷрибаи бойи кории худ саҳмгузор хоҳад буд.
Х. Солиҳӣ