16 Август, 2026

Иштироки намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ дар чорабинии СММ оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ

 

Рӯзҳои 29–30 июни соли 2026 дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия бо ташаббуси Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) нишасти 13-уми Гурӯҳи коршиносон оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ (Smuggling of Migrants) баргузор гардид.

Дар кори нишасти мазкур намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рашидзода Шафқат Раҳмоналӣ, муовини сардори Хадамоти шиносномавӣ ва бақайдгирӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни баромади худ номбурда оид ба тадбирҳои амалишавандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ ва коҳиш додани омилҳои мусоидаткунандаи муҳоҷирати ғайриқонунӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои марбут ба муқовимат бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт аҳамияти хоса медиҳад.

Дар чорабинии мазкур намояндагони зиёда аз 110 давлати ҷаҳон, коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони сохторҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд.