Об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти зиндаи олам буда, ҳаёту зиндагонӣ бе он номумкин аст. Об яке аз чор унсури муҳими табиат ба шумор меравад, ки барои инсоният нишони ободию тозагӣ, файзу баракат, сабзию хуррамӣ ҳисоб меёбад.
Бо афзоиши сол ба соли аҳолии ҷаҳон эҳтиёҷот ба об, бахусус оби тозаи нўшокӣ бештар мегардад. Истифодаи ѓайримақсадноки об ба таѓйирёбии иқлим, хушкшавии дарёву кўлҳо, об шудани пиряхҳои кӯҳӣ ва материкӣ, биёбоншавии заминҳо боис гардида истодааст, ки ин ҳолат изтиробовар мебошад. Аз ин рў, масъалаи баррасии истифодаи оқилонаи об ва захираҳои оби нўшокӣ имрўзҳо ба мавзўҳои мубрам мубаддал гардидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати захираи об яке аз кишварҳои бойи минтақа ва ҷаҳон ҳисоб ёфта, дар ҳудуди он қариб 8000 пирях, 1300 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор дарёҳои хурду калон ва чашмаҳои нодири бешумор мавҷуд аст. Захираи умумии обии Тоҷикистон 88,6 млрд м3-ро ташкил медиҳад, ки ин зиёда аз 60%-и захираи обии Осиёи Миёна мебошад. Умуман, аз рӯи захираи оби тоза Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон дар ҷойи 7-ум ва дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҷойи 2-юм баъд аз Федератсияи Россия қарор дорад.

Ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 90% аз минтақаҳои ташаккулёбандаи маҷрои дарёҳо иборат буда, асоси захираҳои обии кишварро пиряхҳо, дарёву кулҳо, обанборҳо ва обҳои зеризаминӣ ташкил медиҳанд.
Масоҳати ишғолнамудаи пиряхҳо 11146 км2-ро ташкил медиҳад, ки 8 фоизи худуди кишварро дар бар мегирад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пиряхҳои бузургтарин аз қабили Федченко, Грумм-Гржимайло, Гармо ва даҳҳо пиряхҳои дигар, ки зиёда аз 30 км2-ро фарогиранд дар нуқтаҳои баландтарини Тоҷикистон Исмоили Сомонӣ (7495м) ва Абу Алӣ ибни Сино (7134м) ҷойгир мебошанд.
Боришоти миёнаи солона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан ба 760 мм-ро баробар буда, дар баъзе минтақаҳои ҷанубии кишвар ин шумора то 100 мм ва дар ноҳияҳои баландкуҳи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон то ба 2400 мм тағйирёбанда мебошад.
Оби дарёҳои Тоҷикистон 55,4 фоизи ҳаҷми миёнаи солонаи оби ҳавзаи баҳри Аралро ташкил менамоянд. Амударё ва Сирдарё дарёҳои калонтарин ва асосии кишвар ба шумор рафта, ҳавзаи дарёи Аму аз якҷояшавии ҷараёни оби дарёи Панҷ (бо резиши асосии дарёҳои Ғунт ва Бартанг), дарёи Вахш, (ки аз обҳои водии Олой ва Помири шимолӣ ташкил меёбад), дарёи Кофарниҳон ва Сурхондарё, (ки аз нишебиҳои қаторакуҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд) ташкил меёбад.
Шумораи зиёди кулҳои кишвар дар куҳҳои Помир-Олой дар баландии 3500-5000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир гардидаанд. Масоҳати онҳо 80 фоизи масоҳати умумии кулҳои кишварро ташкил медиҳад.
Обанборҳо сарчашмаҳои табии захираҳои обӣ ба шумор намераванд, вале онҳо дар идоракунии оқилонаи ҷараёни об дар дарёҳо бо дарназардошти манфиатҳои иқтисодии кишвар нақши муҳим мебозанд. Ин арзиши обанборҳо дар заминаи тағйирёбии иқлим низ бештар зоҳир мегардад. Ҳамчунин обанборҳо дар пешгирии обхезӣ ва ҳифзи иншооти хоҷагии халқ аз таъсири харобиовари офатҳои табиии бо об алоқаманд нақши арзишманд дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 обанбори арзишҳои гуногундошта сохта ба истифода дода шудааст. Аз ҳама калонтарини онҳо обанборҳои Қайроққум ва Норак мебошанд.
Майдонии умумии обӣ дар ҳама обанборҳои кишвар ба 664 км2, ҳаҷми умумӣ ба 15,344 км3, аз ҷумла манфиатнок 7,63км3, баробар буда, 13 фоизи оби миёнаи солонаи ҳавзаи баҳри Аралро таъмин менамоянд.
Инчунин, обҳои зеризаминии барқароршаванда ҳастанд, ки ба ду қисмат ҷудо мешаванд. Захираҳои ба таври табиӣ дар куҳҳо ва обанборҳо ҷамъшаванда ва захираҳои оби дар асоси полоиш дар ҳудудҳои обёрӣ ташаккулёбанда. Ҳаҷми умумии обҳои зеризаминӣ ба 18,7км3 дар як сол баробар буда, дар як сол танҳо 2,8 км2 он истифода мегардад.
Қисмати зиёди обҳои барқароршаванда дар ҳавзаи дарёи Вахш- 4919 млн.м3/сол, Сирдарё- 3579 млн.м3/сол ва Кофарниҳон – 2505 млн.м3/сол ба қайд гирифта шудаанд.
Обҳои зеризаминӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати масоҳат ва ҷуқурии уфуқии нобаробар паҳн гардидаанд. Захираҳои обҳои зеризаминӣ дар вилояти Суғд 25,6 фоизи захираҳои умумии обҳои зеризаминии кишвар ва 45,8 фоизи ҳаҷми истифодашавандаи онро ташкил медиҳанд. Дар вилояти Хатлон 21,8 фоизи ҳаҷми умумӣ ва 25,9 фоизи ҳаҷми истифодашаванда ва дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 21,4 фоизи ҳаҷми умумӣ ва 1,28 фоизи ҳаҷми умумии обҳои барқароршаванда дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷойгир гардидаанд.
Захираҳои бузурги обӣ ба кишвар имкон медиҳанд, ки тавассути неругоҳҳои барқи обӣ энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва арзон истеҳсол кунад. Айни замон, захираҳои об дар кишвар манбаи асосии истеҳсоли энергия ба шумор рафта, 95% – и барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешаванд.
Таваҷҷўҳ ба масъалаи об на танҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ, балки дар сатҳи минтақаву ҷаҳон зиёд гардида истодааст.
Қобили зикр аст, ки як силсила ташаббусҳои Тоҷикистон марбут ба ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, доир ба амалӣ намудани онҳо қатъномаҳои дахлдори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардиданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти афзун гардидани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои об ва муҳимияти захираҳои обӣ барои ноил гардидан ба рушди устувор масъалаҳоро вобаста ба об дар рӯзномаи ҷаҳонӣ тавсеа мебахшад.
Сар карда аз соли 2000 инҷониб бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Асамблеяи генералии СММ 7 қарордод вобаста ба ҳалли масъалаҳои об қабул намуд, ки номгӯи зерин аз муҳимтарини онҳо мебошанд: Соли байналмилалии оби тоза, 2003 (Қарори Ассамблеяи СММ аз 20 декабри 2000 года, 55/196, 55‐ум сессия), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015 (Қарори Асамблеяи Генералии СММ аз 23 декабри 2003 года, 58/217, 58‐ум сессия), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (Қарори Асамблеяи СММ аз 20 декабри соли 2010, 65/154, 65‐ум сессия), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 (Қарордоди Асамблеяи Генералии СММ аз 21 декабри соли 2016 , A/RES/71/222, 71‐ум сессия).
Ин ташаббусҳо дар фаҳмиши дурусти масъалаҳо ва мушкилоти марбут ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳалли онҳо барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини устувории ҳифзи муҳити зист, ба даст овардани сулҳу субот ва дар маҷмуъ рушди устувор саҳми арзанда гузоштаанд.
Дар атрофи масъалаи об Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” чунин изҳор доштанд: «Мавзӯи захираҳои об, истифодаи оқилона ва устувори онҳо яке аз авлавиятҳои сиёсати давлати мо муайян гардидааст. Пуштибонии ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти обу иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути 10 қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҷассумгари нақши фаъол ва калидии кишвари мо дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Дар ин радиф, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ки барои суръатбахшии амалҳо дар соҳаи об асоси воқеӣ гузоштааст, қобили таъкиди махсус аст.
Фаъолияти кишвари мо дар пешбурди масъалаи об дар рӯзномаи глобалии иқлим нуктаи дигари мавриди таваҷҷуҳ мебошад.
Аз Конфронси 26-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милал оид ба тағйирёбии иқлим дар Глазго дар соли 2021 ва баъдан дар Шарм-уш-Шайх ва Дубай сар карда, Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кишварҳо ва созмонҳои байналмилалии шарик барои тақвияти мавзӯи об дар рӯзномаи иқлим фаъолона талош меварзад.»
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сарфаҷӯии об диққати аввалиндараҷа зоҳир карда мешавад. Айни замон дар кишвар корҳо дар самти сарфакорона истифода намудани заҳираҳои об дар соҳаҳои обёрӣ тавассути технологияҳои муосир ва ҳамчунин насб намудани воситаҳои ченаки об дар нуқтаҳои обтақсимкунии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома доранд.
Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо 17-20 фоизи захираҳои оби дар ҳудудаш мавҷудбударо истифода мебарад.
Об як ҷузъи муҳими муҳити зист, захираи табиии барқароршаванда, маҳдуд ва осебпазир ба шумор рафта, дар баробари ин беҳдошти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии аҳолӣ, мавҷудияти ҳайвонот ва растаниҳоро дар олам таъмин менамояд.
Захираҳои обӣ дар соҳаҳои обёришаванда ва истеҳсоли тақрибан 80%-и маҳсулоти кишоварзӣ, таъминоти оби нӯшокӣ ва санитария, саноат ва моҳипарварӣ, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои босифат нақши муҳим дорад, истифода мешавад.
Тарзи дуруст ва истифодаи оқилонаи об метавонад дашту биёбонҳоро шодоб намуда, оламро сабзу хуррам гардонад, аммо баръакси ҳол, беэътиноию бемасъулиятӣ ба шўр гардидани заминҳо, обхезиву харобиҳо, норасоии оби ошомиданӣ оварда мерасонад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз он, ки дар саргаҳи об қарор дорад ва имкониятҳои зиёди нигоҳдорӣ ва истифодаи мақсадноки онро дорад, ба хотири ояндаи нек барои иқдомҳои созанда камар бастааст.
Бо назардошти афзун гардидани аҳолӣ ва талабот ба истифодаи об бакорандозии технологияҳои наву муосир ҷиҳати тозакунӣ, коркарди чандкаратаи оби дар хоҷагию истеҳсолот истифодашаванда, коркарди заминҳои бекорхобидаю дарахту ниҳолшинонӣ дар кўҳу қухдоманҳо метавонанд дар оянда ба ҳалли мушкилоти об расидагирӣ намоянд. Маҳз ҳамин ташаббусу иқдомҳои созандаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешаи худ гардонидааст.
Дар фарҷом қайд карданием, ки дар ҳоле асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олами зинда об аст, пас ҳар як сокини кураи Замин ва ҳар як фарди ҷомеа вазифадорем, ки ин маъхази бузургро чун асоси ҳастӣ, чароғи равшандиҳандаи созгори зиндагӣ ва мероси пурқиммат барои наслҳои оянда эҳтиром намоем ва тозаву озода нигоҳ дорем.
(баъзе маълумотҳо аз сомонаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (https://www.mewr.tj/) гирифта шудаанд)
Сардори ХШБ ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон
полковники милитсия Мирзозода Ҷ.Ҷ.