Бахшида ба таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ, яке аз ҷашнҳои бузургу муқаддаси давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уи июни соли 2026 дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ барои гузоранидани дарси хизматӣ бо иштироки тамоми ҳайати шахсӣ муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2 Академияи Вазорати корҳои дохилӣ капитани милитсия Ҳалимзода Далер Обид даъват карда шуд.
Далер Ҳалимзода зимни баромади хеш ҳозиринро ба ин ҷашни давлатӣ табрик гуфта, зикр намуд, ки дар ҷумҳурӣ ҷашни мазкур ҳамасола 27-уми июн бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.
Ҷашни Ваҳдати миллӣ ба хотири имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27-уми июни соли 1997 таъсис ёфта, ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар шаҳри Маскав байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик ба имзо расида, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид.
Моҳият ва аҳамият Рўзи Ваҳдати миллӣ ин сарҷамъии миллат, яъне Ваҳдати миллӣ ба парокандагии миллат хотима бахшида, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистонро таъмин намуд.
Устоди Академия ҳамчунин иброз дошт, ки дар таърихномаи ҳар миллат саҳифаҳои сабақомӯз ва пурарзише ҳастанд, ки аз икдоми нек ва хирадмандона ба нафъи халқу Ватан башорат медиҳанд ва барои наслҳои минбаъда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд. Чунин саҳифаи заррин барои миллати тоҷик рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон низ мебошад, ки пагоҳ сеюмин солгарди он дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад. Ин санади таърихӣ, маҳз пайғоми ҷонбахше аз фарорасии сулҳи деринтизор буд. Дар он ормони халқи мо бо каломи ширини Сулҳ ва Ваҳдат таҷассум ёфта, дар як муддати кӯтоҳ ҷомаи амал пӯшидани ин орзу гувоҳи тинати поку сулҳпарвар, фарҳанги сиёсӣ ва заковати баланди мардуми тоҷик аст.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди гуфтушунидҳо ва расидан ба сулҳ нақши калидӣ бозидаанд.
Халқи Тоҷикистон санаи тавлиди ин ҳуҷҷати воқеан сарнавиштсозро ҳамчун сарчашмаи якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстию рафоқат пазируфт ва он рӯзи муборак дар асоси фармони Президенти ҷумҳурӣ бо номи “Рӯзи ваҳдат” маъмул гардид.
Аҳамият ва нақши Ваҳдати миллӣ, дар таҳкими суботи сиёсӣ, пешгирии низоҳои иҷтимоӣ ва миллӣ, мубориза бар зидди ифротгапроӣ ва терроризм, таҳкими эҳсоси ватандўст, баланд бардоштани эътимоди мардум ба давлат ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоӣ созгор аст.
Сулҳу субот ва ризоияти миллӣ ба халқи тоҷик ба осонӣ муяссар нашудааст. Барои расидан ба ин рӯзи фирӯз моро лозим омад, ки роҳи тӯлонии ноҳамвор тай карда шуда, менеаҳои сангин аз миён бардошта шавад. Имрўз вақте расидааст, ки ҳар як фарди ҷомеа бояд дар таҳкими ваҳдату ягонагӣ саҳмгузор бошанд.
Дар фарҷоми ҷамъомад устоди Академия ба саволҳои зиёди иштирокчиён посухҳои қонеъкунанда гардонид.
Х.Солиҳӣ