
Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ яке аз ҷузъу томи Вазорати корҳои дохилӣ буда, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун воҳиди мустақили ин сохтор аз соли 2011 инҷониб фаъолият дорад.
Ба ваколат ва уҳдадориҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ вазифаҳои зиёде, ба монанди хизматрасонии давлатӣ дар кори шиносномавию-бақайдгирӣ, баҳисобгирии қайди аҳолӣ, истеҳсолоти масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои вобаста ба шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо, додани гувоҳномаи иқомат барои зист ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, назорати будубоши шахрвандони хориҷӣ ва пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, инчунин ҳамчун ҷузъи таркибии мақомоти корҳои дохилӣ дигар вазифаю уҳдадориҳои муайян вогузор карда шудааст.
Дастгоҳи марказии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ аз нуҳ шуъбаю бахшҳо иборат буда, ҳамчунин воҳидҳои шиносномавию бақайдгирӣ дар таркиби сохтории раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоятҳою минтақаҳо ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳо фаъолият доранд.
Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ баҳри амалисозии фаъолияти худ дар мувофиқа бо роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии худидоракунӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо ҳамкориҳо дорад.
Гарчанде, кори шиносномавию бақайдгирӣ беш аз 100 сол арзи вуҷуд дорад, рӯзи касбӣ, яъне “Рӯзи ягонаи низоми шиносномавию бақайдгирӣ” расман аз санаи 27-уми декабри соли 1932 инҷониб қайд карда мешавад, аз он даврае, ки Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ буд.
Дар давраи солҳои Истиқлолият самти фаъолияти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ ва мустаҳкам карда шуд. Нахуст бахши шиносномавию бақайдгирӣ дар таркиби Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошта, танҳо ба масъалаҳои шиносномавию бақайдгирии аҳолӣ, баррасии масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул буд.
Охирҳои соли 2006 бо якҷоя гардидани масъалаҳои муҳоҷират ин самт бо номи Хадамоти муҳоҷирати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар давоми 5 сол сохтори мазкур муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба хориҷи кишвар, хусусан бо Федератсияи Россия ба танзим дароварда, як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дохилидавлатӣ ва бо корфармоёни хориҷӣ шартномаҳои дуҷониба ба имзо расонид.
Баъд аз таъсис ёфтани Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар таркиби сохтори Вазорати корҳои дохилӣ аз нав таъсис дода шуда, фаъолияти худро дар самти муайяни вазифаҳои вогузоршуда идома медиҳад.
Яке аз вазифаҳои асосии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ таъмини шаҳрвандон бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ мебошад, ки борҳо намунаи онҳо бо мақсади баланд бардоштани хусусиятҳои ҳимоявиашон ва талаботи ҷомеа иваз гардидаанд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 1996, №414 «Дар бораи ҷорӣ намудани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон» шиносномаи намунаи нави давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда шуд, ки низомномаи он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 1997, №302 тасдиқ шуда буд.
Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1519 «Дар бораи ҷорӣ намудани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 1 марти соли 2014 шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи нав ҷорӣ карда шудааст. Мутобиқи банди 2-и Фармони мазкур шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996 дар қаламрави кишвар то ба итмом расидани муҳлати амали он эътибор дорад.
Шиносномаи намунаи нав аз корти пластикӣ иборат буда, бо ҳарфҳои забони тоҷикӣ ва забони англисӣ пур карда мешавад. Муҳлати эътибори шиноснома 10 сол мебошад. Корти идентификатсионӣ аз моддаи мустаҳками поликарбонат истеҳсол шуда, унсурҳои зиёди муҳофизавӣ дорад, ки сохтакории он ғарйиимкон аст. Тамоми маълумоти он, аз ҷумла акси рақамӣ ва имзои соҳиби корт бо усули лазерӣ аксбардорӣ шуда, ба ҳар як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври автоматӣ рақами ягонаи миллӣ дода мешавад.
Мутобиқи моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият» “Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванд ва собиткунандаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он мутобиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад”.
Ҷиҳати беҳтар намудани шароити қабули шаҳрвандон дар тамоми воҳидҳои шиносномавию бақайдгирӣ курсиҳои нишаст ва дастгоҳи оби нӯшокӣ (куллерҳо) таъмин гардида, бо кондитсионерҳо таҷҳизонида шуда, барои бемамоният воридшавии шаҳрвандон ба бинои маъмурии хадамот даромадгоҳҳои алоҳида ташкил карда шуданд.
Дар ҳамаи хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ баргадону бойгониҳо, гӯшаҳои иттилоотӣ, рақами телефонҳои боварӣ таъмин ва ба тартиб дароварда шуданд.
Дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 104 маркази маълумотҷамъкунии шаҳрвандон барои гирифтани шиноснома мебошад, ки аз инҳо 73 марказ дар хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва 31 марказ дар шуъбачаҳои милитсияи деҳот ҷойгир мебошанд.
Ҷиҳати таъмини дастрасӣ ба иттилоот оид ба самти фаъолияти хизматӣ ба шаҳрвандон, сомонаи Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ (www passportvkd.tj) таъсис дода, дар он маълумотҳои зарурии иттилоотӣ ворид карда мешаванд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 1998, №69 «Дар бораи ҷорӣ намудани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» се намуди шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дипломатӣ, хизматӣ ва умумишаҳрвандӣ муқаррар ва намунаҳои онҳо тасдиқ шудааст. Бо ҳамин қарор шиносномаҳое, ки бо рамзи ИҶШС дода шуда буданд, қатъ карда шуданд. Шиносномаҳои мазкур аз 32 саҳифа иборат буда, ба муҳлати 5 сол дода мешуданд ва як маротиба ба муҳлати то 3 сол тамдид карда мешуданд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 феврали соли 2009, №624 “Дар бораи ҷорӣ намудани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд” шиносномаҳои хориҷии умумишаҳрвандӣ, хизматӣ ва дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуҷҷатҳои асосии муайянкунандаи шахсияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ва дорои маълумоти электронианд, ҷорӣ карда шуда, Қоидаҳои додани шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009, №203 тасдиқ шудааст.
Бо дарназардошти баъзе номутобиқатиҳо Қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020, №294 дар таҳрири нав қабул карда шуда, бо Фармоиши якҷояи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии аз 04.12 соли 2020, №750 б/з ва №646 “Дастурамали муштарак дар бораи тартиби татбиқи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ карда шуд.
Шиносномаи хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ҷавобгӯ ба талаботҳои Созмони умумиҷаҳонии авиатсияи гражданӣ (ICAO) буда, дорои хусусиятҳои баланди ҳимоявӣ ва микросхема бо антенаи васлшаванда (чип) мебошад. Шиносномаи мазкур аз 48 саҳифа иборат буда, ба муҳлати 10 сол дода мешавад.
Бо мақсади рушд додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ва таъмини шароити мусоид барои фазои сармоягузорӣ, ки аз паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, бо ташаббуси Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва таҳти рақамҳои №1699 ва №1700 аз 4 июли соли 2020 ба имзо расонида шуданд. Ба моддаҳои 497, 499 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир ворид карда шуда, санксияҳои он нисбати шаҳрвандони хориҷӣ сабук карда шудааст, аз ҷумла дар санксияи қисми 1 моддаи 497 ва санксияи қисмҳои 1, 3 моддаи 499 калимаи “огоҳӣ” ворид карда шуда, калимаҳои “ва берун кардан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон” хориҷ карда шудааст. Ба моддаҳои 93, 98 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир ворид карда шуда, ваколатҳои суд ба зиммаи ВКД вогузор карда шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Миёна яке аз давлатҳое мебошад, ки аввалин шуда ба Конвенсияи соли 1951 оид ба мақоми гурезаҳо ва Протоколи он аз соли 1967 ҳамроҳ шудааст. Ба ин пеш аз ҳама ҷанги шаҳрвандӣ, ки соли 1992 оғоз шуда буд, боис шудааст. Конвенсияи соли 1951 оид ба мақоми гуреза аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 июли соли 1994 тасдиқ карда шуда, ҳамон сол Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» қабул карда шудааст. Баъдан бори дуюм Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» 10 майи соли 2002 дар таҳрири нав қабул карда шудааст ва солҳои 2010, 2012 ва 2014 ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, ба меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мувофиқ гардонида шудааст. Айни замон, бо мақсади ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар бораи тартиби додани мақоми гуреза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он расмиёти муайян кардани мақоми гуреза пешбинӣ шудааст, гурӯҳи мутахассисони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагон дар Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи додани мақоми гуреза, паноҳгоҳ ва ҳимояи муваққатӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия карда шудааст, ки дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад.
Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, созандагию бунёдкорӣ дар қитъаҳои замини назди биноҳои маъмурии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ҳамасола гулҳои зебои ороишии мавсимӣ шинонида шуда, таҳти нигоҳубин қарор дода мешаванд. Танҳо дар солҳои 2024-2026 беш аз 3500 гулҳои мавсимӣ шинонида шудаанд.
Ҳамасола, дар асоси қарори Шурои ҳамоҳангсозии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъона (СААД) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба танзим даровардани раванди муҳоҷират ва пешгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ бо ҷалби кормандони сохторҳои марбутаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ дар ду марҳила чорабиниҳои оперативӣ-профилактикӣ ва амалиёти махсус таҳти унвони шартии “Нелегал” баргузор карда мешавад. Амалиёти навбатӣ дар соли 2026 аз 1-уми июни соли ҷорӣ оғоз ёфта, муддати даҳ рӯз идома меёбад.
Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ҷиҳати таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми июли соли 2025, №1046 “Дар бораи масъалаҳои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ тариқи электронӣ” тадбирҳои зарурӣ андешида, бо ин мақсад дар биноҳои маъмурии дастгоҳи марказии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дастгоҳҳо (терминал)-и қабулкунандаи маблағҳои хизматрасониҳои давлатӣ гузошта шуда, дар компютерҳои кормандоне, ки ба хизматрасониҳои давлатӣ сару кор доранд, барномаи воридсозии маълумоти пардохти маблағҳои хизматрасониҳоро ҷорӣ карда шудааст. Барои маълумоти шаҳрвандон дар тамоми хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ рамзи куяркод гузошта шуда, хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ бо POS-терминалҳо таъмин карда шуданд. Шаҳрвандон бо истифода аз ин дастгоҳҳо ва барномаҳо маблағи хизматрасониҳои давлатии соҳаро бо кортҳои миллии худ тариқи электронӣ пардохт менамоянд. Аз ҷониби Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ҷиҳати ба кор даровардани портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ “khizmat.ehukumat.tj” як нафар корманди масъул сафарбар гардида, дар ин самт бо Агентии иноватсия ҳамкориҳо ба роҳ монда шудааст.
Дар самти рақамикунонии соҳа, бо мақсади таъмини иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, № 643 “Дар бораи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва воҳидҳои поёнии он Низоми иттилоотии «Шиносномадиҳӣ ва бақайдгирӣ» насб ва ҷорӣ карда шуд. Барномаи мазкур барои сари вақт ва мустақиман гирифтани маълумот пешбинӣ гардидааст.
Хуллас, Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри он равон кардааст, ки ҳамқадами замон ва рушди ҷомеа буда, баҳри амалисозии хизматрасониҳои давлатӣ ба шаҳрвандони кишвар ва шаҳрвандони хориҷӣ аз тамоми имкониятҳои ҷойдошта, дастовардҳои навин, усулҳои муосири техникию технологӣ истифода намуда, сазовори боварию эътимоди давлату миллати хеш гардад.
Сардори ХШБ ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон
полковники милитсия Мирзозода Ҷ. Ҷ.