16 Август, 2026

Вохўрӣ бо намояндагони Гурўҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон

 

Рўзи 19-уми июни соли 2026 кормандони масъули Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ тибқи дастури роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо намояндагони Гурўҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон вохўрӣ анҷом доданд.

Муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ полковники милитсия Шафкат Рашидзода ҳайати меҳмононро хайрамақдам гуфта, омодагии сохторро барои ҳамкориҳо бо Намояндагии Гурўҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон иброз дошт.

Аъзои Намояндагии Гурўҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, иқтисодчии калон оид ба шаҳрсозӣ ҷаноби Маркус Ли аз пазироии гарм изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд намуд, ки ҳадаф аз вохўрӣ бо намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ таҳлил ва баҳогузории сатҳи кор бо бақайдгирӣ ва азқайдбарорӣ, қайдҳои муваққатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ин таҳлилҳо дар оянда барои ҳамкориҳои минбаъда мусоидат хоҳанд кард.

Вохўрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ анҷом пазируфт.