
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки рушди технологияҳои рақамӣ ва истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ ба яке аз омилҳои асосии пешрафти давлатдорӣ табдил ёфтааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар роҳи ташаккули ҳукумати электронӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ қадамҳои устувор мегузорад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки истифодаи технологияҳои муосир дар низоми идоракунии давлатӣ имкон медиҳад, ки омилҳои инсонӣ коҳиш ёфта, шаффофият ва дастрасии шаҳрвандон ба хизматрасониҳо беҳтар гардад. Аз ин лиҳоз, рақамикунонӣ яке аз воситаҳои муҳими пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия ба ҳисоб меравад.
Дар ин самт, Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар доираи татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба роҳ монда, иҷрои тадбирҳои пешбинишударо таҳти назорати доимӣ қарор додааст. Ҷиҳати таъмини иҷрои самараноки стратегияи мазкур нақшаҳои мушаххаси корӣ таҳия гардида, раванди амалисозии онҳо мунтазам мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор мегирад.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти хадамот пешгирии омилҳои коррупсионӣ, тамаъҷӯӣ, сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, сохтакорӣ ва қалбакисозии ҳуҷҷатҳо мебошад. Бо ин мақсад, дар давоми сол баргузории санҷишҳои маҷмуӣ ва ногаҳонӣ дар хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, минтақа ва ноҳияи Рашт, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе пешбинӣ гардидааст. Натиҷаҳои чунин санҷишҳо ба муайян намудани камбудиҳо, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва андешидани чораҳои дахлдор мусоидат менамоянд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон ва таъмини шаффофияти хизматрасониҳо дар тамоми хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ гӯшаҳои иттилоотӣ ташкил карда шудаанд. Дар ин гӯшаҳо реҷаи корӣ, намунаҳои аризаҳо, рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ, нархномаи хизматрасониҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва рақамҳои телефонҳои боварии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ҷойгир карда шудаанд. Бо ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба санадҳои соҳавӣ маълумоти мазкур мунтазам нав карда мешавад.
Дар баробари такмили механизмҳои назоратӣ, хадамот ба беҳтар намудани шароити хизматрасонӣ ба шаҳрвандон низ диққати ҷиддӣ медиҳад. Имрӯз дар тамоми хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ барои муроҷиаткунандагон курсиҳои нишаст, дастгоҳҳои оби нӯшокӣ ва кондитсионерҳо насб гардидаанд. Барои бемамониат ворид гардидани шаҳрвандон даромадгоҳҳои алоҳида ташкил ва барои шахсони имконияташон маҳдуд аробачаҳо ва роҳравҳои махсус муҳайё карда шудаанд. Ин тадбирҳо далели таваҷҷуҳи давлат ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ва таъмини ҳуқуқҳои ҳамаи қишрҳои ҷомеа мебошанд.
Дар ҳамаи воҳидҳои хадамот камераҳои мушоҳидавӣ насб карда шудаанд, ки онҳо барои таъмини тартибот, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани масъулияти кормандон мусоидат менамоянд. Илова бар ин, фаъолияти шабонарӯзии камераҳо имкон медиҳад, ки сифати хизматрасонӣ таҳти назорати доимӣ қарор дошта бошад.
Таъмини дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот яке аз самтҳои муҳими фаъолияти хадамот маҳсуб меёбад. Бо ин мақсад, сомонаи расмии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ фаъолият дошта, дар он маълумоти зарурӣ вобаста ба самтҳои фаъолияти соҳа, хизматрасониҳои давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар иттилооти муҳим мунтазам ҷойгир карда мешавад.
Ҳамзамон, барои иҷрои саривақтӣ ва фаврии супоришҳои роҳбарият дар тамоми хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии ҷумҳурӣ почтаҳои электронии хизматӣ фаъолият доранд. Ин иқдом ба таҳкими низоми муосири муоширати хизматӣ ва баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ мусоидат менамояд.
Дар доираи амалисозии сиёсати давлатии рақамикунонӣ Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ҳамкориҳои худро бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон густариш додааст. Бо мақсади ворид намудани хизматрасониҳои соҳа ба портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ – «khizmat.ehukumat.tj» як қатор корҳои омодагӣ анҷом дода шуда, ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳод гардидаанд.
Қадами дигари муҳим дар самти рақамикунонӣ пайваст гардидани хадамот ба барномаи электронии гардиши ҳуҷҷатҳо мебошад. Ин иқдом барои кам намудани гардиши ҳуҷҷатҳои коғазӣ, суръат бахшидан ба баррасии муроҷиатҳо ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти идорӣ мусоидат менамояд.
Бо мақсади рушди инфрасохтори иттилоотӣ барои Низоми иттилоотии Бюрои суроғавию маълумотдиҳӣ сервери нави муосир дастрас ва мавриди истифода қарор дода шудааст. Дар натиҷа, раванди ворид намудани маълумот ба махзани ягона суръати бештар гирифтааст. Танҳо дар панҷ моҳи соли 2026 ба низоми автоматикунонидашудаи иттилоотии Бюрои суроғавию маълумотдиҳӣ 398 ҳазору 854 варақаи суроғаи омаду баромад ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 178 ҳазору 617 адад зиёд мебошад. Аз оғози таъсиси ин махзан то имрӯз наздики 1 миллиону 900 ҳазор варақаи суроғавӣ ба низом ворид гардидааст.
Дар доираи татбиқи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ Низоми иттилоотии «Шиносномадиҳӣ ва бақайдгирӣ» насб ва мавриди истифода қарор гирифтааст. Айни ҳол корҳои мутобиқсозӣ ва ворид намудани маълумот ба пойгоҳи ягонаи иттилоотӣ идома доранд. Ин низом дар оянда барои содда гардонидани хизматрасониҳо, баланд бардоштани суръати коркард ва коҳиш додани омилҳои инсонӣ нақши муҳим хоҳад дошт.
Дар баробари ин, ба махзанҳои алоҳида ворид намудани маълумот оид ба паноҳҷӯён, гурезаҳо, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозати иқомат доранд, тақвият дода шудааст. Ин иқдом ба ташкили низоми ягонаи иттилоотӣ ва таъмини амнияти маълумот мусоидат менамояд.
Пешгирии коррупсия танҳо тавассути технологияҳо маҳдуд намегардад. Дар хадамот мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ, машғулиятҳои хизматӣ ва суҳбатҳои тарбиявӣ бо ҳайати шахсӣ баргузор карда мешаванд. Дар ҷараёни чунин чорабиниҳо масъалаҳои риояи қонунгузорӣ, ахлоқи касбӣ, масъулияти хизматӣ ва талаботи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Яке аз дастовардҳои назарраси хадамот гузариш ба низоми пардохти ғайринақдии хизматрасониҳо мебошад. Дар ҳамкорӣ бо КВД БДА ҶТ «Амонатбонк» ва ҶСП «Пардохти ҳушманд» (Smartpay) пардохти хизматрасониҳои давлатӣ ва ҷаримаҳо пурра ба шакли ғайринақдӣ роҳандозӣ шудааст. Имрӯз шаҳрвандон метавонанд маблағҳои заруриро тавассути кортҳои бонкӣ пардохт намоянд. Ин аст, ки хадамот бо 134 адад POS-терминал таъмин буда, дар ҳамаи утоқҳои корӣ рамзҳои электронии пардохт насб карда шудаанд. Ин иқдом шаффофияти молиявиро таъмин намуда, имкони содиршавии амалҳои коррупсиониро ба таври назаррас коҳиш медиҳад.
Самти дигари муҳим баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва тарғиби сиёсати зиддикоррупсионӣ мебошад. Танҳо дар панҷ моҳи соли 2026 дар сомонаи расмии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ 22 хабар, мақола, муроҷиатнома, санадҳои меъёрии ҳуқуқии навшуда, нархномаҳои хизматрасонӣ ва дигар маводи иттилоотӣ нашр гардидаанд. Ин тадбирҳо ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон ва рушди муносибатҳои шаффоф байни ҷомеа ва мақомоти давлатӣ мусоидат менамоянд.
Таҷрибаи фаъолияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ нишон медиҳад, ки татбиқи технологияҳои рақамӣ, гузариш ба хизматрасониҳои электронӣ, рушди пардохтҳои ғайринақдӣ ва тақвияти назорати дохилӣ, дар маҷмуъ, барои баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва муқовимати муассир ба коррупсия заминаи устувор фароҳам меоранд. Ин равандҳо қисми муҳими сиёсати давлат дар роҳи бунёди ҷомеаи муосир, рақамӣ ва ҳуқуқбунёд ба ҳисоб мераванд.
Шафкат Рашидзода,
муовини сардори ХШБ ВКД ҶТ,
полковники милитсия