Роҳбарияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо кормандони ХШБ ШВКД-1 дар ноҳияи Рўдакӣ дар МТМУ №8-и деҳаи Баҳористони ҷамоати деҳоти Чоргултеппа чорабинии тантанавии шиносномасупорӣ доир намуданд.

Зимни чорабинии мазкур ба беш аз 20 нафар муҳассилини синфҳои болоии ин муасисаи таълимӣ, ки шиносномаи шаҳрванди онҳо аз ҷониби ХШБ ШВКД-1 дар ноҳияи Рўдакӣ омода гардида буданд, ин ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият супорида шуданд.

Намояндагони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ доир ба муҳимияти шиноснома, муносибати эҳтиёкорона доштан ба ин ҳуҷҷати асосии шаҳрвандӣ баромад намуда, ҳамзамон оид ба интихоби дурусти касбу ҳунар, илму донишомўзӣ, пешгирӣ аз амалу кирдорҳои номатлуб ва эҳтиёт аз хатарҳои замони муосир ибрози назар карданд.

Қайд гардид, ки ояндаи неку дурахшони ҳар шахс аз интихоби дурусти имрўзи ў муайян гардида, барои дар ҷомеа мавқеи шоён ва иззату эҳтиром пайдо намудан меҳнати ҳалолу виҷдони пок зарур аст.


Чорабинӣ дар сатҳи хуб баргузор гашт.