16 Август, 2026

«НЕЛЕГАЛ-2026» КАМБУДИҲОРО ДАР САМТИ МУҲОҶИРАТИ ҒАЙРИҚОНУНӢ ОШКОР МЕКУНАД

 

Ҳамасола тибқи нақшаи амалиёти минтақавии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ оид ба муқовимат бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ таҳти унвони «Нелегал» чорабиниҳои муштарак дар ду марҳила доир мегарданд.

Имсол низ тибқи нақшаи амалиёти «Нелегал-2026» ва иҷрои Фармоиши муштараки Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июни соли ҷорӣ марҳилаи якуми амалиёти муштарак таҳти унвони шартии «Нелегал-Трафик» оғоз гардид.

 

Зимни баррасии самтҳои асосии нақша ва ташкили корҳои санҷишӣ дар идораҳо, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, новобаста ба шакли моликияташон, муовинони сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД полковникҳои милитсия Нуралӣ Сафарзода ва Шафкат Рашидзода таъкид намуданд, ки фаъолияти гурўҳҳои корӣ бояд мутобиқи талаботи қонунгузорӣ ба роҳ монда шуда, ҳангоми гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо шаҳрвандони хориҷӣ ва соҳибмулкони иншоот моҳияти санҷиш дуруст шарҳ дода шавад.

Ҳамзамон, зикр гардид, ки муайян ва ошкор намудани шаҳрвандони хориҷие, ки ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ва эҳтимолан қурбони хариду фурўши одамон гардидаанд, аз самтҳои муҳими амалиёт ба ҳисоб рафта, дар ин ҷода, бояд таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.

Амалиёти мазкур бо иштироки кормандони масъули сохторҳои ВКД, КДАМ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардидааст. Дар ҷараёни он риояи қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар хонаҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо, хобгоҳҳо, иншооти истеҳсолӣ, ташкилоту муассисаҳо, фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан мавриди санҷиш қарор мегирад.

Ҳамчунин, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки бе раводид, бе қайди шиноснома дар мақомоти корҳои дохилӣ, бе иҷозатномаи кор ё бо ҳуҷҷатҳои беэътибор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, фаъолияти меҳнатӣ анҷом медиҳанд, муайян ва ошкор карда мешаванд. Дар баробари ин, ҷабрдидагони эҳтимолии хариду фурўши одамон ва гурўҳҳои муташаккили ҷиноятие, ки ба чунин ҷиноятҳо машғул мебошанд, низ мавриди санҷиш қарор мегиранд.

Дар доираи амалиёт гурўҳҳои корӣ як қатор корхонаҳо ва ташкилотҳоро мавриди санҷиш қарор доданд. Аз ҷумла, дар ҶДММ «Палуд» 3 нафар, дар ҶДММ «Меҳан» 9 нафар ва дар ҶДММ «Дарвозаи сабз» 7 нафар шаҳрванди хориҷӣ ба фаъолияти меҳнатӣ машғул мебошанд. Ҳамчунин, фаъолияти ҶДММ «Уқоби кўҳӣ», ҶДММ «Хишти Ваҳдат» ва дигар коргоҳҳое, ки дар онҳо шаҳрвандони хориҷӣ кор мекунанд, санҷида шуд.

Бояд зикр намуд, ки дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон низ амалиёти муштараки «Нелегал-Трафик» бо иштироки намояндагони сохторҳои дахлдор оғоз гардидааст. Ҳадафи асосии он пешгирӣ ва ошкор намудани қонуншиканиву ҳуқуқвайронкуниҳо, муайян намудани мутобиқат ё номутобиқатии ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати онҳо мебошад.

Раҷаббек Илёсзода,

Манучеҳр Мақсудов