Бахшида ба ҷашни бошукўҳи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дастгоҳи марказии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар моҳи апрели соли 2026 рўзҳои шанбе чорабиниҳои “шанбегӣ” ташкил ва баргузор карда шуда, кормандон дар тозагию озодагии ҳуҷраҳои корӣ, гирду атрофи биноҳои маъмурӣ, таъмиру тармими иншоотҳои зарурӣ сафарбар карда шуданд.

Дар қитъаҳои замини назди коргоҳ дар ин навбат беш аз 900 адад гулҳои мавсимии навъҳои “Виола”, “Салвия” ва “Татес шарик” шинонида шуда, таҳти нигоҳубин қарор дода шуданд.

Ҳамчунин дар қисмати дохили бинои дастгоҳи марказии хадамот таъмир ба анҷом расонида мешавад.
Корҳои ободонӣ идома доранд.
Х.Солиҳӣ